Дар Покистон китобе бо номи «Тоҷикони свотӣ ва салтанати Габр”, ки чанд сол қабл таълиф шуда буд, дубора бознашр мешавад. Дар ин бора Охунзода Ориф Ҳасанхон, муҳаққиқ ва муаллифи китоби машҳури “Тоҷикони гумшудаи Покистон” зимни мусоҳиба бо хабарнигори радиои “Овози тоҷик” хабар дод.
Ба иттилои номбурда, китоби мазкур ба қалами таърихнигор Профессор Муҳаммад Ахтар тааллуқ дошта, дар бораи таърихи тоҷикони свотии Покистон нақл мекунад.
“Ин нахустин китобест, ки мукаммал таърихи тоҷикони свотӣ ва салтанати Гибариҳоро, ки аҷдодони онҳо (Султон Паҳол ва Султон Баҳром) аз авлоди султонҳои ПИЧ, Дарра Кунари Афғонистон буданд, эҳёи таърихи худро аз давраи салтанати Искандари Зулқарнайн (шаҳаншоҳи Форс, Куруши Кабир) мешумориданд, фаро гирифтааст”,-гуфт Охунзода Ориф Ҳасанхон.
Бино ба зикри номбурда, то ҳол ягон муаррихе барои нигоштани таърихи пурраи тоҷикони свотӣ ва салтанати Габр даст назадааст. Ҳадафи аслии таълифи ин китоб дубора бозёфт ва кушодани таърих ва фарҳанги бостонии тоҷикони манотиқи шимолу ғарбии Покистон ва Афғонистон (Балх ва Сиистон) ба ҷаҳониён мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки Профессор Муҳаммад Ахтар (Свотӣ — аз бахши Митравӣ) — 1934 то 2015 — аввалин шахсе буд, ки таърихи дақиқи ин минтақаро таҳқиқ ва таълиф намудааст. Ӯ муаллими забони англисӣ буда, инчунин ба ҳайси бюрократи калони музофотӣ кор кардааст.