
Муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Манзура Рустамова бо мушовири Сафорати Шоҳигариии Таиланд дар Ҷумҳурии Қазоқистон, хонум Оратай Пхубунлап мулоқот намуд. Зимни мулоқот густариши ҳамкории дуҷонибаи мутақобилан судманди ду кишвар дар бахшҳои кишоварзӣ, тандурустӣ, косметология ва сайёҳӣ дар чаҳорчӯби бахши тиҷорату иқтисод баррасӣ шуд. Дар ин бора Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот Оратай Пхубунлапро котиби якуми консули Сафорати Подшоҳии Таиланд дар Ҷумҳурии Қазоқистон Вонгсакорн Чайчана ҳамроҳӣ намуд.
Ҷонибҳо оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Таиланд ибрози назар намуданд.
Манзура Рустамова меҳмононро бо фазои мусоиди сармоягузории Тоҷикистон шинос намуда, ба онҳо «Раҳнамои тиҷоратӣ»-ро, ки дар он маълумоти бештар оид ба вазъи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст, тақдим намуд.
Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҷавобгӯ ба сатҳи баланди муносибатҳои тарафайн анҷом ёфт.