Бо ташаббуси Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯзҳои 23, 24 ва 25-уми август ҷиҳати омӯхтани таърих ва ёдгориҳои қадима дар шаҳраки Саразми шаҳри Панҷакент бо иштироки намояндагони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Арманистон, Озарбайҷон, Белорусия, Ӯзбекистон, Федератсияи Россия ва Урал Форуми байналмилалӣ таҳти унвони “Мактаби бостоншиносони ҷавони кишварҳои узви ИДМ дар мавзеи шаҳраки қадимаи кишоварзии Саразм, ки ба феҳристи мероси фарҳангии ЮНЕСКО шомил шудааст” доир шуда истодааст. Дар ин бора Нуриддин Сайфуллоев, мудири шӯъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АМИТ ба Мирсаиди Хайрулло, хабарнигори радиои “Овози тоҷик” иттилоъ дод.
Ба зикри мавсуф, ҳайати иштирокчиён аз кишварҳои узви ИДМ дирӯз вориди шаҳри бостонии Панҷакент шуданд. Онҳо аз ҷониби аҳли фарҳанг, ҷавонон ва роҳбарияту масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо самимияти хосси миллӣ дар даромадгоҳи шаҳр пешвоз гирифта шуданд.
Тибқи барномаи Форум дирӯз меҳмонон ба шаҳраки қадимаи Саразм рафта, бо ин мавзеи нодири таърихӣ шинос шуданд. Ба ҳайати иштирокдорон маълмуот дода шуд, ки ёдгории таърихии Саразм дар Панҷакент бо қарори иҷлосияи Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, ки аз 25-уми июл то 3-юми августи соли 2010 дар Бразилия доир гашт, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии Кумитаи омӯзиш ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) ворид карда шуд.
“Саразм ёдгории беназирест, ки дар худ робитаҳои фарҳангии мардуми мухталифи Осиёи Марказиро таҷассум кардааст. Ба маълумоти Ҷованнӣ Бокардо — мудири дафтари Осиё ва Океания дар ЮНЕСКО, Саразм бар асоси ду меъёр ба Феҳристи Мероси Ҷаҳонӣ шомил карда шудааст. Аввалан, ки Саразм дар давраи муайяне маҳалли таҷассуми табодули фарҳангии барҷастае будааст. Он чор ҳазор сол пеш аз милод як маркази тиҷорати ҳамон давра дар минтақа ба шумор мерафт. Ҳафриёт дар ин ёдгории таърихӣ ва кашфи баъзе аз ашё, бо таври рӯшан, нақши ин маҳалро дар мубодилот ва тиҷорати минтақаҳои ниҳоят гуногун аз ҷумла, Туркманистони ҳозира, Байнаннаҳрайн, тамаддуни Ҳинд ва хосатан Осиёи Марказӣ нишон медиҳад. Ин боиси аввалин пазируфта шудани Саразм ба Феҳристи мероси ҷаҳонии фарҳангӣ мебошад. Омили дуюм бошад, Саразм як навъ аз тамаддуне гувоҳӣ медиҳад, ки дар миёни ҳазорсолаи чорум ва сеюми пеш аз милод дар Осиёи Марказӣ будааст. Хосиятҳои он ба ҳайси як маҳалли маскунӣ, ки беназиранд, шаҳодат медиҳад, ин гӯшаи дунё як тамаддуни шаҳрнишини аввалия доштааст. Саразм яке аз нахустин ёдгориҳои давраи ориёӣ, намунаи беҳамтои ин тамаддун дар Суғд аст, — гуфт Нуриддин Сайфуллоев, мудири шӯъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АМИТ.
Субҳи имрӯз меҳмонон ба мақбараи Устод Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷруд ташриф оварданд. Масъулини оромгоҳ ба бостоншинсони ҷавон доир ба оромгоҳи сардафтари адабиёти классикии тоҷику-форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ иттилоъ дода, зикр карданд, ки мақбара аз бинои ҳашткунҷаи хиштӣ бо ҳуҷраи якгумбаза ва галерея иборат буда, он соли 2008 ба муносибати 1150 солагии шоир бозсозӣ карда шудааст. Оромгоҳи Рӯдакӣ дорои шакли ҳашзилъӣ ва гунбади фирӯзаӣ дар болои он аст, ки ба дасти чанд тан аз кошикорони Нишопурӣ бозсозӣ шудааст.
Дар идомаи сафар иштирокчиён ба Мамнуъгоҳ-осорхонаи бостоншиносии шаҳри Панҷакент омада, аз таърихи ин шаҳри қадима огоҳ шуданд. Осорхонаи мазкур соли 1994 дар шаҳри Панҷакент таъсис ёфта, тобеи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Айни ҳол, меҳмонон дар макони Панҷакенти қадима қарор доранд. Ба иттилои масъулин, харобаҳои Панҷакенти қадим аз 3 қисмат – куҳандиз, шаҳристон ва қабристон иборат аст. Шаҳристон 13 га-ро ташкил медиҳад ва қариб ба пуррагӣ ҳаррофӣ шудааст. Кӯҳандиз ва қабристон бошанд қисман кофтуков шудаанд. Хонаҳо асосан аз хишти хом ва похса сохта шудаанд. Ёдгорӣ дар доираҳои илмӣ бо номи «Помпеи Шарқӣ» низ машҳур аст.
Интизор меравад, ки пагоҳ дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қисмати назариявии Форуми мазкур бо иштироки доираи васеи бостоншиносон, муҳаққиқон ва аҳли зиё доир мегардад.