Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” мулоқот намуд, ки дар он вазъи кунунии корхонаи истеҳсолӣ ва марҳила ба марҳила зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот баррасӣ шуд. Дар ин бора радиои “Овози тоҷик” дар такя ба Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Зимни мулоқот иттилоъ дода шуд, ки корхонаи холисгардонии тилло ва нуқраи “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” дар масоҳати 45,2 гектар бунёд шуда, арзиши лоиҳавии он 4 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад. Дар корхона консентрати маъдан бо маҳлулҳои кимёӣ дар ду марҳила коркард шуда, тилло ва нуқраи холис истеҳсол карда мешавад. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як сол ба 4 тонна тилло ва 1 тонна нуқра баробар аст.
Бояд гуфт, ки аз ҷониби ширкат дар мавзеи Кумарғи болои ноҳияи Айнӣ корхонаи холисгардонии тилло бунёд гардида, айни замон фаъолият дорад.
Раиси вилоят бо назардошти ҳадафи стратегӣ эълон шудани саноатикунонии босуръати мамлакат ба роҳбарияти корхона ҷиҳати истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ ва бештар намудани ҷойҳои корӣ супоришҳо дод.