Ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд давоми панҷ соли оянда беш аз 20 корхонаи истеҳсолӣ бунёд мегардад. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба рафти корҳои сохтмонии баъзе корхонаҳои саноатӣ дар ин шаҳр шинос шуд.
Тавре радиои “Овози тоҷик” дар такя ба Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, Раҷаббой Аҳмадзода ҷараёни сохтмони коргоҳи дӯзандагӣ ва пойафзолбарории соҳибкор Ҷаннатой Абдуалиева дидан ба амал овард.
Тибқи нақшаи пешбинишуда дар ду коргоҳи истеҳсолӣ беш аз 40 нафар соҳиби ҷойи корӣ мегарданд. Бунёди чунин коргоҳҳои нави саноатӣ имкон медиҳад, ки бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ таъмин карда шавад.
Роҳбари вилоят ташкили чунин коргоҳҳои истеҳсолиро талаботи рӯз арзёбӣ карда, таъкид кард, ки бояд чунин коргоҳҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят ташкил карда шавад.
Бояд гуфт, ки дар нимсолаи аввали соли равон дар вилоят 10 корхонаю коргоҳи пойафзолдӯзӣ фаъолият намуда, дар ин давра истеҳсоли пойафзол ба 254,7 ҳаз. ҷуфт расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 72,2 ҳаз. ҷуфт зиёд аст.
Ҳамзамон, Раиси вилоят бо сохтмони фабрикаи мурғпарварӣ, ки бо иқдоми ҶДММ «Парандаи заррин» бунёд мешавад, шинос гардид.
Раҷаббой Аҳмадзода бо ёдоварӣ аз имтиёзҳои мавҷудаи давлатӣ дар самти бунёди фабрикаҳои мурғпарварӣ ба масъулин барои иҷрои босифати корҳо, ба ободонию кабудизоркунӣ фаро гирифтани атрофи иншоот, мумфаршкунии роҳҳо супоришҳо дод.