Дар ҶДММ «Хубҷамъинвест», ки ба коркарди ғалла ва истеҳсоли орд машғул аст, хатти нави истеҳсолӣ фаъол мегардад. «Хубҷамъинвест» яке аз корхонаҳои калони истеҳсолкунандаи орд буда, айни замон дар анборҳои он миқдори зарурии ғалла захира карда шудааст. Дар ин бора зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз корхонаи мазкур иттилоъ дода шуд, хабар медиҳад радиои “Овози тоҷик” дар такя ба Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд.
Бино ба иттилои манбаъ, роҳбарияти корхона тасмим дорад, ки дар амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ-санотикунонии босуръати кишвар саҳм гузошта, хатҳои нави истеҳсолиро ворид намуда, истеҳсоли маҳсулотро зиёд намояд.
Нақши корхона дар таъмини аҳолӣ бо орд назаррас буда, ҳамарӯза садҳо тонна орди истеҳсолшуда ба минтақаҳои гуногун, аз ҷумла шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, ВМКБ фиристода шуда истодааст.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки айни замон захираи кофии орду ғалла мавҷуд буда, фаъолияти чунин корхонаҳои саноатӣ имкон медиҳад, ки бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ таъмин карда шавад.
Раиси вилоят барои васлу насби хатти нави истеҳсолӣ ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва ҷойҳои нави корӣ ба роҳбарияти корхона тавсияҳо дод.