Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо Раиси Палатаи савдо ва саноати шаҳри Болуи Туркия Атеш Туркер ва ҳайати тиҷоратии ин шаҳр мулоқот баргузор намуд. Дар он тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ мавриди баррасии тарафҳо қарор гирифт. Дар ин бора Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Қайд гардид, ки Туркия яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар 6 моҳи соли 2022 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии мутақобила 178,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.
Абдураҳмонзода А. С. таъкид намуд, ки новобаста аз сатҳи хуби ҳамкориҳои кунунӣ байни ду кишвар имкониятҳои зиёди истифоданашуда мавҷуд мебошад ва бо мақсади бомаротиб афзоиш додани ҳаҷми гардиши савдо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия Харитаи роҳ таҳия гардидааст.
Ҳамзамон дар вохӯрӣ Минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷониби туркӣ муаррифӣ гардида, қайд карда шуд, ки дар доираи ҳамкориҳо дар чаҳорчӯбаи Минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба сармоягузорон ва истеҳсолгунандагон як қатор имтиёзҳои андозию гумрукӣ пешбинӣ гардидааст.
Бинобар ин ҷалби ширкатҳо ва корхонаҳои саноатии шаҳри Болуи Туркия ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ дар ҳудуди Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, инчунин мубодилаи таҷриба дар ин самт муҳим арзёбӣ гардид.
Ҷониби туркӣ низ дар навбати худ қайд намуд, ки фаъолияти корхонаҳои онҳо асосан ба истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ равона гардидааст, ки маҳсулоти тайёрро ба бозорҳои кишварҳои аврупоӣ содирот менамоянд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида баён намуданд.