25 август Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мэрилин Йосефсонро бинобар анҷоми ваколати дипломатиаш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла робитаҳои байнипарламентӣ баррасӣ шуд.
Зимни мулоқот муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз сатҳу сифати ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятиву фарҳангӣ, инчунин масъалаҳои мубрами минитақавӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, саҳми хонум Мэрилин Йосефсонро дар рушду тавсеаи муносибатҳои байни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас арзёбӣ карданд.
Раиси Маҷлиси миллӣ барои кумакҳои ҷониби Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон дар давраи паҳншавии бемории сироятии COVID-19, инчунин барои ҷонибдории Иттиҳод аз ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар масъалаҳои марбут ба об ва тағйирёбии иқлим изҳори миннатдорӣ намуданд.
Ҷонибҳо зимни баррасии масъалаҳои муҳими муносибатҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, зарурати истифодаи имконоти васеи ҷонибҳоро дар соҳаҳои саноат, истихроҷи маъдан, инфрасохтор, гидроэнергетика, кишоварзӣ ва сайёҳиро муҳим арзёбӣ карданд.
Дар рафти мулоқот бо таваҷҷуҳ ба вазъияти имрӯзаи Афғонистон, ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи ҳамкориро дар мубориза бо терроризм ва экстремизм, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.