Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов хонум Эрна Ҳайзерро, ки ба синни 80-солагӣ қадам ниҳод, табрик намуда, ба ӯ барои ташвиқи санъати миллии тоҷик дар Олмон Ифтихорнома тақдим намуд. Дар ин бора радиои “Овози тоҷик” дар такя ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон хабар медиҳад.
Бо назардошти саҳми назарраси оҳангсоз Эрна Ҳайзер дар ташвиқи санъати миллии тоҷик дар Олмон, Имомудин Сатторов ба мавсуф номаи шодбошии Вазири фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа кард.
Эрна Хейзер ҳамчунин барои хизматҳои шоён дар муаррифии имлу фарҳанги тоҷик дар кишвари иқомат ва ҳамчун узви фаъоли Раёсати Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Олмон бо Ифтихорномаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуд.
Маврид ба зикр аст, ки Эрна Ҳайзер ҳамсари оҳангсози касбии тоҷик Фирӯз Баҳор буда, шуруъ аз соли 1996 инҷониб дар Олмон умр ба сар мебарад. Номбурдагон бинобар синну солашон бознишаста буда, новобаста аз ин ба корҳои эҷодӣ машғул мебошанд.