Дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Брюссел, пойтахти Белгия, ки барои баробарии ҷинсӣ ва тавонмандии занон кор мекунад, мегӯяд, мубориза барои ҳуқуқи занон дар Афғонистон як муборизаи ҷаҳонӣ ва мубориза барои ҳуқуқи занон дар ҳама ҷо аст.Дар инбора радиои «Овози тољик» дар истинод ба «Омољ» хабар медињад.
Ин созмон имрӯз, панҷшанбе дар твит навишт, вазъи бади занон дар Афғонистон нишон медиҳад, ки чӣ гуна пешрафтҳои даҳсолаҳо дар баробарии ҷинсият ва ҳуқуқи занонро дар чанд моҳ аз даст додан мумкин аст.
Ин ниҳод ҳушдор додааст, ки он чи дар Афғонистон ба хусус занони ин кишвар рух медиҳад, ҳушдор барои ҳама кишварҳост.
Ин дар ҳолест, ки Толибон борҳо эълом кардаанд, ки дар чорчӯби шариати исломӣ ба ҳуқуқи башар, ба хусус ҳуқуқи зан эҳтиром доранд ва ҳеҷ нақзи қонунӣ алайҳи онҳо сурат нагирифтааст.