То соли 2022 ҷиҳати таъмин намудан ва фароҳам овардани шароити хуб дар беморхонаҳо ба мабалағи 775 миллион сомонӣ таҷҳизоти тиббӣ харидорӣ шуд. Барои ҳифзи саломатии модару кӯдак 15 ҳазор кат фароҳам гардид. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Рахмон имрӯз зимни суханронии худ бахшида ба Рӯзи дониш иброз намуданд.
“Ба Вазорати тандурустӣ ва дигар сохтору мақомоти марбута супориш дода мешавад, ки пешниҳоду хулосаҳои худро доир ба таъсиси Беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои кӯдакона ва беҳтар ба роҳ мондани Маркази илмию клиникии педиатерия ва ҷарроҳии кӯдакона ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд”,- қайд карданд Сарвари давлат дар идомаи суханронӣ.
Ҳамзамон, Президенти кишар дар робита ба коҳиш ёфтани бемориҳои диабети қанд зикр намуд, ки тибқи маълумотҳои оморӣ нишондиҳандаи диабети қанин беморӣ дар соли 2021 3-4 баробар ва нашъамандӣ 2,5 баробар кам ба қайд гирифта шудааст.