Дар ҳошияи ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Сафири Фавқулодаи Конфедератсияи Швейтсария Мартин Саладин мулоқот намуд. Дар мулоқот вобаста ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои тиҷорат ва иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика, кишоварзӣ, саноат, сайёҳӣ, маориф ва тандурустӣ мубодилаи афкор намуданд. Дар ин бора радиои “Овози тоҷик” дар такя ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Қайд гардид, ки Швейтсария яке аз шарикони асосии низоми тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар шаш моҳи соли 2022 гардиши савдо дуҷониба 281,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои рушди бештари ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ лоиҳаҳо амалӣ намуда, дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои муштарак таъсис диҳанд.
Илова бар ин дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо пешниҳод гардид, ки бо назардошти таъсири омилҳои берунӣ маблағгузории Швейтсария барои дастгирии соҳаҳои иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар карда шавад.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида изҳор намуданд.