Чанд лаҳза қабл раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ варзишгари ҷавон — дастпарвари “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №6 оид ба намудҳои гӯштин”-и шаҳри Душанбе, чемпиони ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон Эмомалии Нуралиро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора бахши матбуоти шаҳрдорӣ иттилоъ дод.
Раиси шаҳри Душанбе, Эмомалии Нуралиро, ки дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштини дзюдо байни ҷавонон, иштирок карда медали тиллоро соҳиб гашта, парчами Тоҷикистонро баланд бардошт, таҳният гуфт. Ҳамчун нишони қадрдонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе ба чемпиони ҷаҳон калиди хонаи 2 ҳуҷрагиро бо тамоми шароити рӯзгор дар пойтахт тақдим намуд.
Раиси шаҳри Душанбе ба варзишгар дар мусобиқаҳои оянда барору музаффарият таманно намуда, иброз намуд, ки ҷавонони бо нангу номус муаррифгар ва номбардори ватани хеш маҳсуб меёбанд ва ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат қарор доранд.
Ёдовар мешавем, ки аз 7 то 12 августи ҷорӣ дар шаҳри Гуайкили Экводор Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштини дзюдо байни ҷавонон баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур 373 варзишгар аз 63 давлати дунё иштирок намуданд. Эмомалии Нуралӣ дар ин мусобиқаи бонуфуз дар вазни 66 кг тавонист ҳамаи ҳарифони худро шикаст диҳад ва унвони чемпиони ҷаҳонро соҳиб гардад.