Дар яке аз мактабҳои шаҳри Волгоград барои кӯдакони муҳоҷири тоҷик синфи тоҷикӣ таъсис дода шудааст. Дар ин бора радиои “Овози тоҷик” дар такя ба портали «V1.ru» хабар дод.
Ба гуфтаи расона, синф зери ҳарфи “Ж” таъсис дода шуд. Ин ҳадаф замоне роҳандозӣ гардид, ки роҳбарияти мактаб дар чанд синф таҳсили кӯдаконеро мушоҳида карданд, ки аз хонаводаи тоҷикон буда, забони русиро намедонанд. Айни ҳол, 14 талаба дар ин синф таҳсил мекунанд.
«На ҳама волидон бо забони русӣ ҳарф мезананд. Ман маҷбур мешудам, ки ба онҳо дар алоҳидагӣ кӯмак кунам, баъзеҳо ба наздамон ҳамроҳ бо тарҷумон меомаданд ва мо тасмим гирифтем барояшон синфи алоҳида кушоем», — гуфт муовини директори мактаби мазкур Елена Елизарова.