Саннаи 7-уми сентябри соли 2022 бо ибтикори кафедраи забонҳои Шарқи факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ бахшида ба иди халқии мардуми Чин чорабинӣ бо унвони “Фестивали нимаи тирамоҳ” баргузор гардид. Дар ин бора саҳифаи фейсбукии донишгоҳи мазкур иттилоъ дод.
Дар чорабинии мазкур декани факултети мазкур, доктори илмҳои филология Ш. Каримов, мудирони кафедраҳо ва донишҷӯёни бахши забони хитоии факултет ширкат варзиданд. Чорабиниро декани факултет ифтитоҳ бахшида, риштаи суханро ба профессор Ли Я дод. Мавсуф оид ба анъанаҳои ин ҷашн маълумоти ҷолибе ироа кард.
Дар анҷом баҳри болидаруҳии ҳозирин аз тарафи донишҷӯён барномаи фарҳангӣ пешкаш карда шуд.
АХБОРИ МОНАНД:
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори 1058 ҷойи ифтихорӣ шуданд
Шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба баргузории Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» дар соли 2023
Бунёди Авруосиёии субот ва рушд дар Тоҷикистон 5 муассисаи таълимӣ месозад
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи Умари Хайём»-ро ба истифода доданд