Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва пойдории сулҳу субот дар кишвар таҳти сарварию роҳнамоиҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар, бавижа илму маориф ва фарҳангу санъати миллӣ дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд.
Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, ки яке аз муассисаҳои калидии соҳаи фарҳангу санъати Тоҷикистон маҳсуб меёбад, дар даврони соҳибистиқлолӣ фаъолияти гуногунҷанбаи худро баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарҳрезӣ ва амалан ба роҳ мондааст.
Донишкада дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳама самтҳои таълимӣ — эҷодӣ, тарбиявӣ ва илмӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гашт. Самту равияҳои ихтисосҳо вобаста ба фарҳанги миллиамон таҷдиди назар гардида, ихтисосҳои нави ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ ташкил ва роҳандозӣ карда шуданд.
Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ устодону донишҷӯёни донишкада имкон пайдо намуданд, ки дар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон (соли 2008), Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон (соли 2008), Фестивали мусиқӣ. Конференсияи байналмилалии илмӣ — назариявӣ бо унвони «Фарҳанги мусиқии ананавии халқҳои Осиёи Марказӣ» дар шаҳри Алмаато (соли 2009), Симпозиуми байналмилалии «Мероси Абуҳанифа ва аҳамияти он дар муколамаи тамаддунҳо» (соли 2009), Конференсияи байналмилалии амалӣ- эҷодӣ бо унвони «Ваҳдати вуқуъ» (соли 2009), Симпозиуми 5-уми байналмилалии «Мактабҳои олии фарҳангу санъат дар фазои иттилооти ҷаҳонӣ» (соли 2011), барномаи консертии ҳунармандони Федератсияи Русия дар доираи 4-умин Фестивали байналмилалии «Фалак» (соли 2012), Фестивали байналмилалӣ бо унвони «Баҳори донишҷӯёни ИДМ дар Қавқоз» (соли 2012), консерти давлатӣ бо номи «Шоми дӯстӣ» бо ширкати президентҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон, Покистон дар Кохи «Борбад» бахшида ба Ҷаласаи Шурои Созмони ҳамкории Шанхай (11. 09. 2014), «Рӯзҳои ВГИК дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (12 марти соли 2019), Фестивали байналмилалии “Шарқ — Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиё дар фазои фарҳангии ИДМ” ва амсоли инҳо фаъолона ширкат варзида, бо диплом ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.
Дастовардҳои дар даврони соҳибистиқлолӣ бадастовардаи муассиса натиҷаи ғамхорӣ ва дастгирии ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Аз ҷумла, Сарвари давлат 26 — уми июни соли 2011 дар маросими ифтитоҳи толори нави консертӣ ва сози арғунуни донишкада ширкат ва суханронӣ намуда, гуфта буданд, ки имрӯз мо шоҳиди воқеаи гуворою хотирмон, яъне аввалин маротиба садо додани Суруди миллии Тоҷикистон бо ҳамовозии сози арғунун шудем. Ин амр маънои онро дорад, ки минбаъд бо ин сози бузург на танҳо мусиқии классикони ҷаҳонӣ, балки суруду таронаҳои тоҷикӣ низ иҷро мегарданд ва навои рӯҳафзои сози арғунун дар фазои фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол танинандоз хоҳад гардид.
Воқеан, ин гуфтаҳои Президенти кишвар амалӣ гашта, бо истифода аз ин сози қадима дар донишкада як қатор чорабиниҳои сатҳи донишкадавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ гузаронда шуданд. Аз ҷумла, аз 15 то 17 — уми майи соли 2017 бори нахуст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали байналмилалии мусиқӣ бо унвони «Садои дилрабои Арғунун» доир карда шуд, ки дар он арғунуннавозони маъруф аз кишварҳои Россия, Қазоқистон, Олмон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Ҳамзамон бо ин, дар толори “Арғунун”-и донишкада консерти омӯзгори кафедраи арғунун, клавесин ва арфаи Консерваторияи давлатии Қазон ба номи Н. Г. Жиганов, ғолиби озмунҳои байналмилалӣ Фарида Нуруллоева баргузор гардид, ки дар он аз эҷодиёти композиторони сатҳи ҷаҳонӣ И. С. Бах, Зиёдулло Шаҳидӣ, Э. Элгар, И. Брамс, А. Пятсолла, З. Абрэу, З. Карт-Элерт ва дигарон оҳангҳои марғуб бо истифода аз сози арғунун пешкаши ҳозирин гардонида шуданд. Фарида Нуруллоева аз эҷодиёти композитори шаҳири тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ оҳангҳои дилнишинеро моҳирона навохт, ки Содиқ Нуруллоев ва Раҳмон Алиев бо сурудани шеърҳои “Зи сӯзи сина” ва “Эй тор” дар радифи оҳанги дилнавози арғунун дили ҳозиринро тасхир намуданд.
Дар маҷмӯъ, Истиқлоли давлатӣ барои мардуми шарафманди тоҷик имконият фароҳам овард, ки ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифта, ба сӯйи зиндагии осуда, эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ роҳи васеъ кушояд. Ба гуфтаи ӯ, соҳибистиқлолӣ ба мардуми шарифу заҳматқарини Тоҷикистон рӯҳу илҳоми нав бахшида, сатҳи худшиносӣ, эҳсоси ватандорӣ ва ифтихори миллии хурду бузурги кишварро ба зинаи нав бардошт. Истиқлолият тантанаи хирад, василаи муҳимтарини ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ ва, муҳимтар аз ҳама, нишонаи возеҳи ҳастии миллат ба шумор меравад. Бошад, ки ғояи волои Истиқлолият ва ҳадафҳои наҷиби созандагӣ ҳидоятгар ва раҳнамои мову Шумо ба хотири ободии Тоҷикистони соҳибистиқлоламон гардад.
Низомӣ Муҳриддин Зайниддин,
доктори илмҳои филологӣ, профессор,
ректори Донишкадаи давлатии
фарҳанг ва санъати Тоҷикистон
ба номи Мирзо Турсунзода