Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» тасмим гирифтааст, ки то интиҳои сол ба самти Урумчии Чин, Ҷиддаи Арабистони Саудӣ ва Теҳрони Эрон парвозҳо ба роҳ монад. Ин нуктаро иҷрокунандаи вазифаи Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Абдулқосим Валиев имрӯз дар маросими муаррифии ҳавопаймои тамғаи «Боинг 737-800», ки чанде пеш аз ширкати «Aviation Capital Groop» /ACG/ вориди парки ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» гардид, зикр намуд.
Дар ин ҳамоиши бошукӯҳ, ки дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе доир шуд, намояндагони Ҳукумати мамлакат, корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, ҳайати Боинг, ширкатҳои сайёҳӣ, шарикон ва намояндагони расонаҳои хабарӣ иштирок намуданд.
Иҷрокунандаи вазифаи Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Абдулқосим Валиев дар назди меҳмонон зикр намуд, ки ворид намудани ҳавопаймои Боинг 737-800 ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ, бо кумаки Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки авиатсияро яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва калидӣ арзёбӣ намудаанд, сурат мегирад.
«Ҳавопаймои Боинг 737-800 ба тавсеаи шабакаи парвозҳо, зиёд намудани шумораи парвозҳо дар хатсайрҳои амалкунанда ва роҳандозии хатсайрҳои нав, инчунин беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳо мусоидат менамояд»,-гуфт ӯ.
Қабули ҳавопаймои нав ба таҷлили 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омада, он ба васеъ гардидани ҷуғрофияи парвозҳо, қонеъ намудани талаботи рӯзафзуни мусофирон мусоидат менамояд.
Абдулқосим Валиев арзи сипоси ширкати «Сомон Эйр»-ро ба ширкати ACG барои эътимоду ҳамкорӣ баён намуда, гуфт, ки муносибатҳои шарикии «Сомон Эйр» бо ширкати ACG дар оянда тақвият меёбанд.
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» 30 августи соли 2022 як адад ҳавопаймои «Боинг 737-800»-ро вориди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе намуда, теъдоди ҳавопаймоҳои худро зиёд намуд. Ҳавопаймои «Боинг 737-800» аз 189 курсии эконом иборат буда, ба номи Қаҳрамони Тоҷикистон, яке аз мубаллиғони роҳи сулҳу озодӣ, шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода гузошта шудааст. Интизор меравад, ки дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ боз як ҳавопаймои «Боинг 737-800» шомили парки ҳавопаймоии ширкат шавад. Ҳарду ҳавопаймо дар асоси лизинги амалиётӣ аз яке аз ширкатҳои бузургтарини лизингӣ «Aviation Capital Groop» /ACG/ гирифта шудаанд. Бо дастрас гардидани ҳавопаймоҳои нав шумораи ҳавопаймоҳои ширкати «Сомон Эйр» дар маҷмӯъ ба шаш адад мерасад- ду ҳавопаймои «Боинг 737-900» ва чор ҳавопаймои «Боинг 737-800»