Дар доираи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки рӯзҳои 15-16 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Самарқанд баргузор мегардад, дар Хиёбони марказӣ дар шафати Донишгоҳи давлатии шаҳри Самарқанд аз ҷониби Марказҳои миллӣ-фарҳангии ҷумҳуриҳо намоишгоҳи маҳсулоти ҳунармандӣ, либосҳои миллӣ, маҳсулотҳои гуногун ташкил гардида, марказҳо бо баромадҳои ҷолиб табъи меҳмононро болида намуданд. Дар ин бора Мирсаид Сатториён, мухбири радиои «Овози тоҷик» дар такя ба рӯзномаи «Овози Самарқанд» иттилоъ дод.
Дар намоишгоҳ дар баробари дигар намояндагони кишварҳои хориҷӣ фарҳангиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода маҳсулоти миллии худро ба намоиш гузоштанд. Аз кишвари мо дар ин Намоишгоҳ либоси миллии чакан, тоқии чакани кӯлобӣ, сӯзанӣ, ҷӯробу тоқиҳои бадахшонӣ ва анвои таомҳои миллӣ пешниҳоди иштирокдорон гардонида шуд. Иштирокчиёни Намоишгоҳ ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии шаҳри Самарқанд аз миёни маҳсулоти намоишдодашуда бештар ба либоси миллии чакан ва тоқии ҳамноми он таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Ба иттилои манбаъ, духтарони иштирокдор талош мекарданд, то ин ки барои худу наздиконашон навъе аз матои чакан ва писарон мехостанд тоқии чакани тоҷикиро харидорӣ намоянд.
Аксҳо аз Намоишгоҳ