Дирӯз дар шаҳри Самарқанд дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва сулҳофаринӣ Розмари Дикарло мулоқот кард.
Дар мулоқот, ҷонибҳо масъалаҳои муҳимми ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Созмони Милалро бо таваҷҷуҳ ба пешрафт дар ноилшавӣ ба Ҳадафҳои Рушди Устуворро баррасӣ карданд.
Ҷонибҳо ба масъалаи тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба захираҳои об диққати махсус зоҳир намуданд. Муовини дабири кулл ба Тоҷикистон барои ташаббусҳои байналмилалӣ ва нақши пешсафияш дар соҳаи дипломатияи об дар сатҳи ҷаҳонӣ изҳори сипос кард.