
«Мо чанд соат пештар огощ шудем ки шаҳрвандони Тоҷикистонро дар шаҳру ноҳияҳои ҳудуди Қирғизистон, аз ҷумла Бишкек, ки онҳо он ҷо кору таҳсил доранд, лату кӯб мекунанд ва ба ҷойҳои номаълум бурда шиканҷа менамоянд».Ин нукта имрӯз аз ҷониби Содиқ Имомӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод.
Ба таъкиди муовини вазир, имрӯз ҷониби Қирғизистон худро мазлум ва Тоҷикистонро ҳамлагар ҷилва дода истодааст. «Аммо, ин дар ҳолест, ки қирғизҳо барои ин ҳуҷумҳои мусаллаҳона аз қабл омодагӣ гирифтаанд, — гуфт Содиқ Имомӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки чанд лаҳза қабл дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Содиқ Имомӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафирони кишварҳои хориҷӣ, намояндаҳои корпусҳои дипломатии муқими Душанбе ва намояндагони васоити ахбори омма брифиинг дар бораи натиҷаи ҳамлаҳои мусаллаҳонаи сарҳадбонони қирғиз ба маҳаллаи аҳолинишини наздимарзӣ ва вазъ дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд.
Тоҷиддини Ризвон,
«Овози тоҷик»