Имрӯз дар ҳошияи “Ҳафтаи сатҳи баланд”-и иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Гурӯҳи дӯстон оид ба ташаббуси ҷаҳонии рушд ширкат ва суханронӣ намуд.
Вазири корҳои хориҷии кишвар зимни суханронӣ аз чолишу мушкилиҳои мавҷудаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, бӯҳрони ғизо, пайомадҳои ҳамагирии Ковид-19 ва таъсири он ба иқтисоди давлатҳо, махсусан ба кишварҳои маҳсур дар хушкӣ, ибрози назар кард.