Корвони мошинҳои пурбори дорои кумаки навбатии башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иборат аз маводи хӯрокворӣ, сӯзишворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили 500 тонна семент, 220 метри мукааб тахта, 5000 дона шифер, 1500 метри мураббаъ фанер ва гипсокартон, 5 тонна мехҳои гуногун, 500 метри мураббаъ шиша, 250 тонна ангишт, 60 тонна орд, 10 тонна равған, 15 тонна биринҷ ва 25 тонна шакар ба шаҳри Исфара расид. Дар ин бора Радиои «Овози тоҷик» дар истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии иҷтимоию иқтисодии сокинони якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки аз низоъҳои наздисарҳадӣ зарар дидаанд ва аъзои оилаҳои қурбониён аз пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе корвони пурбори мошинҳо, иборат аз 45 техникаи калони боркаш бо кумакҳои моддии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд ворид гардид.
Барои сари вақт ба мардум расондани кумакҳои моддӣ масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур гирифтаанд.
Ҳамчунин бо ҷонибдорӣ аз сиёсати инсонпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва соҳибкорони ватандӯсту шахсони саховатпеша расондани кумакҳои башардӯстона ба оилаҳои зарардида идома дорад.