Ҷамъоварии пахта дар ҷумҳурӣ ҷараён дорад. Тибқи дурнамо имсол 425000 тонна пахта бояд ҷамъоварӣ карда шавад.
Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳолати 26 августи соли равон ҳосили ҷамъоваришудаи пахта дар ҷумҳурӣ 9500 тонна ташкил дод, ки танҳо ба вилояти Хатлон тааллуқ дорад. Ҷамъоварии он дар вилояти Суғд ва НТҶ дар рӯзҳои наздик оғоз мегардад.
Ба иттилои манбаъ, бар асоси дурнамо дар ҷумҳурӣ имсол дар 186000 гектар кишти пахта бояд гузаронида мешуд. Дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ тибқи маълумоти омории 4-кишоварз 181589 гектар кишти пахта гузаронида шуд. Аз ҷумла, дар вилояти Суғд 57199 гектар, дар вилояти Хатлон 121741 гектар ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 2689 гектар мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки ҷамоварии пахта дар кишвар имсол аз даҳаи охири моҳи август оғоз гардид.