Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати кушоди Осиёи Марказӣ оид ба варзиши сабук, ки 23-25 сентябр дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор шуд, 7 медал – 2 тилло, 2 нуқра, 3 биринҷӣ ба даст оварданд. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дод.
Дар дав ба масофаи 200 метр миёни мардҳо се ҷои ифтихориро варзишгарони мо сазовор шуданд. Фаворис Музрапов бо натиҷаи 21.75 сония ҷои аввал, Илдар Аҳмадиев бо натиҷаи 21.97 сония ҷои дуюм ва Александр Пронженко бо натиҷаи 22.17 сония ҷои сеюмро гирифтанд.
Медали дигари тиллоро Илдар Аҳмадиев дар ҷаҳиш ба дарозӣ бо натиҷаи 7.73 метр ба даст овард.
Дастаи мардонаи Тоҷикистон дар эстафетаи 4х100 метр бо натиҷаи 41.50 медали нуқра, дар эстафетаи 4х400 метр бо натиҷаи 3:20.42 медали биринҷӣ, инчунин Зуҳуршоҳи Наҷмиддин дар дав ба масофаи 3000 метр бо монеаҳо бо натиҷаи 9:44.32 медали биринҷӣ ба даст оварданд.