Дар рӯзи дуюми Мусобиқаи 9-уми байналмилалӣ оид ба гӯштини дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон, ки 19-20 сентябр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд дар сатҳи баланд баргузор гардид, рақобатҳо аз рӯи 3 вазн ( -90 кг, -100 кг ва +100 кг) сурат гирифтанд.
Дар рӯзи дуюми мусобиқа дар вазни то 90 килограмм 22 нафар варзишгар номнавис шуда буданд ва барои ба даст овардани медалҳои фахрии мусобиқа миёни ҳам рақобат карданд. Медали тиллои ин вазнро паҳлавони шинохтаи тоҷик Ҳақназар Назаров соҳиб шуд. Ҳақназар барои ба даст овардани медали тилло дзюдочии дигари тоҷик Кароматулло Ҳакимовро мағлуб кард. Кароматулло ҳам аз муддаиёни чемпионӣ дар вазни то 90 кг маҳсуб мешуд.
Паҳлавони эронӣ Қосим Бағҷеғӣ ба муқобили дзюдочии тоҷик Озодбек Назарбекзода зафар ёфт ва медали биринҷии Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини дзюдо дар вазни то 90 кг-ро соҳиб шуд. Медали биринҷии дигари ин вазнро Эрмахан Анурбеков аз Қазоқистон гирифт. Эрмахан барои ба даст овардани нишони биринҷӣ варзишгари Россия Ёқубҷон Назировро мағлуб кард.
Ғолибони вазни то 90 кг:
1. Ҳақназар Назаров (Тоҷикистон)
2. Кароматулло Ҳакимов (Тоҷикистон)
3. Қосим Бағҷеғӣ (Эрон)
3. Эрмахан Анурбеков (Қазоқистон)
Дар вазни то 100 килограмм 19 варзишгар рақобат карданд. Ин ягона вазне буд, ки медали тиллоро дзюдочиёни меҳмон соҳиб шуданд. Дар дигар вазнҳо медалҳои тиллои мусобиқаро паҳлавонони бомоҳорати тоҷик соҳиб шуданд. Ҳамин тавр, варзишгари 21-солаи кишвари Қазоқистон Бекарис Садукас аввалин медали тиллоӣ Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини дзюдоро миёни варзишгарони хориҷӣ соҳиб шуд. Бекарис дар финал ба муқобили Фирдавс Насимов бо як вазарӣ зафар ёфт. Фирдавс Насимов соҳиби медали нуқра гардид. Медалҳои биринҷии ин вазнро Исроил Раҳимов бо шикаст додани Эмомризо Анварзода ва Раҳматулло Мирзоев бо мағлуб кардани Парвиз Абдураҳмонов соҳиб шуданд.
Ғолибони вазни то 100 кг:
1. Бекарис Садукас (Қазоқистон)
2. Фирдавс Насимов (Тоҷикистон)
3. Исроил Раҳимов (Тоҷикистон)
3. Раҳматулло Мирзоев (Тоҷикистон)
Миёни сангинвазнҳо рақобатҳо ҷолиб сурат гирифтанд. 14 варзишгар барои ба даст овардани медалҳои фахрии мусобиқа миёни ҳам рақобат карданд. Медали тиллои ин вазнро Мансур Раҳмон соҳиб шуд. Мансур муддаи асосии чемпионӣ миёни сангинвазнҳо маҳсуб мешуд. Фарзин Ҳусейнов миёни сангинвазнҳо чеҳраи нав буда, то ба даври ниҳоӣ ҳам роҳ ёфт. Лек пеши роҳи Фарзинро барои ба даст овардани медали тиллои мусобиқа паҳлавони бомаҳорати тоҷик Мансур Раҳмон гирифт. Мансур бо вазарӣ тавонист, ки бар Фарзин зафар ёбад.
Фарзин соҳиби медали нуқра ва 20 ҳазор сомонии Мусобиқаи 9-уми байналмилалии Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини дзюдо гардид. Варзишгари кишвари Қазоқистон Жамбул Тургуналиев миёни сангинвазнҳо ба гирифтани медали биринҷӣ даст ёфт. Жамбул барои ба даст овардани медали биринҷӣ дзюдочии тоҷик Толибҷон Тоировро мағлуб кард. Варзишгари шинохтаи тоҷик Дадахон Қурбоналиев медали биринҷии дигарро миёни сангинвазнҳо соҳиб шуд. Дадахон барои ба даст овардани медали биринҷӣ дзюдочии дигари тоҷик Иброҳим Элмуродовро дар дақиқаҳои аввали сабқат бо имтиёзи иппон шикаст дод.
Ғолибони вазни + 100 кг:
1. Мансур Раҳмон (Тоҷикистон)
2. Фарзин Ҳусейнов (Тоҷикистон)
3. Жамбул Тургуналиев Қазоқистон)
3. Дадахон Қурбоналиев (Тоҷикистон)
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз гардонида шуданд. Барои ҷойи якум 40 ҳазор сомонӣ, барои ҷойи дуюм 20 ҳазор ва барои ҷойҳои сеюм 10 ҳазор сомонӣ мукофот дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқа барои Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба гӯштини дзюдо аз соли 2013 доир мешавад.