Ниммуҳофизатгари 18-солаи тими миллӣ ва мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) Алиҷони Айнӣ расман бозигари тими «Краснодар-2» шуда, бо ин бошгоҳ то моҳи июни соли 2027 шартнома баст, хабар медиҳад ТВ варзиш.
Ба иттило манбаъ, қаблан, Алиҷони Айнӣ дар ҳайати ҷавонони «Локомотив-Помир» (Душанбе), инчунин, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бозӣ кардааст.
Алиҷони Айнӣ аз моҳи марти соли гузашта то инҷониб ба тими миллии Тоҷикистон ҷалб мешавад. Дар ин муддат ӯ дар ҳайати мунтахаби кишвар шаш бозӣ анҷом додааст.
Бояд гуфт, ки «Краснодар-2» дар лигаи якуми футболи Русия баромад мекунад. Пас аз чаҳор даври бозӣ дар оғози мавсими нав бошгоҳи Алиҷони Айнӣ бо ҳафт имтиёз дар зинаи ҳаштуми ҷадвали мусобиқот қарор дорад.