Ба ифтихори солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Деҳлии нав маҷаллаи “Business Central Asia” бо таваҷҷуҳи хос ба Тоҷикистон ба нашр расид.
Дар ин шумора паёми табрикотии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 31-ум солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мубодилаи табрикномаҳои роҳбарони ду кишвар ба муносибати рӯзҳои миллӣ, матни табрикоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Ҳиндустон ба муносибати 30 солагии барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ, мақолаи вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Ташвиқи рушди саноат дар Тоҷикистон”, инчунин мақолаи сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон “З0 соли ҳамкориҳои мутақобилан судманд” ҷой дода шудааст.
Ҳамзамон, дар маҷалла мақолаҳои алоҳида доир ба аҳаммияти таърихии иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон, робитаҳои таърихию фарангии Тоҷикистону Ҳиндустон, инчунин нигораҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва ғайра интишор шуд.