Мероси маънавии ҳар як миллат яке аз сармояҳои бузурги рушду такомули муҳити фарҳангӣ ва иҷтимоии ӯст, ки бад-ин васила дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мешавад. Мероси ниёгони мо – тоҷикон, низ дар баробари дигар тамаддунҳои башарӣ, ҷанбаи инсонсоз дошта, то кунун меҳвари пажўҳиши на танҳо муҳаққикони ватанӣ, балки мавриди таваҷҷуҳи дигар донишмандон низ қарор гирифтааст. Агар ба шахсият ва муҳтавои осори арзишманди мутафаккирони тоҷику форс (шоирону нависандагон ва ҳакимону файласуфон) аз манзари таҳқиқ таваҷҷуҳ кунем, мебинем, ки онҳо дар тӯли ҳаёти худ чи меросе ба мо боқӣ гузоштаанд ва он мерос то кадом дараҷа дар рушду нумӯи фарҳангу тамаддуни дигар милали олам нақш гузоштааст.
Агар ба таври куллӣ ба ин масъала таваҷҷуҳ карда шавад, он аз доираи гузоришу баррасиҳои густурда хориҷ аст. Бинобар ин, мо тасмим гирифтем, ки танҳо аз нуфузи мероси маърифатпарваронаву ҷаҳонии Мавлоно ва шахсияти ӯ дар баъзе кишварҳои Аврупо ва дар ин замина ба вуҷуд омадани таҳқиқоти арзишманд аз ҷониби пажўҳишгарони варзида сухан гўем.
Мусаллам аст, ки муҳити иҷтимоӣ дар ҳама давру замонҳо василае маҳсуб мешуд, то тафаккур ва завқи эстетикиву ахлоқии офарандагони шеър низ боло рафта, толиби ашъору осоре шаванд, ки маънову мафҳуме тоза дошта бошанд. Тарвиҷи ашъори дилрабову ғанӣ ба муҳите, ки шоъирро фаро гирифтааст, иртиботи ғанӣ ва ногустанӣ дорад.
Ҳар гоҳ ки ба осору ашъори ҷонпарвари ниёгонамон, ба вижа Мавлоно, назар меафканем, дар он мазмунҳои бикру арзишҳоеро дармеёбем, ки дар воқеъ, ҷаззобият ва ҷанбаи инсонсоз дошта, дилхоҳ инсонро ба самти маърифат мекашад.
Аз осори муҳаққиқони Аврупо чунин бармеояд, ки иддае аз онон бо маҳзи ошноӣ бо осору ашъори классикони мо ва огоҳӣ аз ҳақиқати рисолати онҳо, ба таҳқиқу баррасӣ ва муаррифии шахсияту афкорашон пардохтанд. Аз ин ҷост, ки марказу макотиб ва муассисаҳои таълимиву пажӯҳишӣ ва ховаршиносӣ аслан бар мабнои шахсият ва осору мутафаккирони тоҷику форс ба вуҷуд омад.
Яке аз афроде, ки ба таҳқиқи мероси ниёгони мо аз ҷумла, Мавлоно даст задаасту то андозае лозим ӯро ба хонандаи аврупоӣ ошно сохтааст, Рейналд Николсон ба шумор меравад, ки аз зумраи муҳаққиқони англистабор буда, соли 1848 дар Британия таваллуд шуда, соли 1945 фавтидааст. Мавсуф аз хонаводаи олимон ва донишгоҳиён буда, бобояш аз зумраи Тавротшиносон маҳсуб мешудааст. Николсон дар муддати солҳое, ки ба таҳсили забони форсӣ ва арабӣ машғуд буд, ба Ховари Миёна сафар накардааст, вале дар натиљаи таҳқиқу омўзиш то андозаи лозим муваффақ шудааст, ки матнҳои форсӣ ва арабиро хонаду онҳоро тафсир кунад. Николсон пас аз он ки ба риштаи аввали таҳсили худ, яъне адабиёти классикӣ (забонҳои бостони Рум ва Юнон) алоқаманд шуд, ба омўзиши забонҳои форсиву арабӣ рӯй овард ва дар соли 1892 ба мадрасаи забонҳои Ҳинд қабул шуд. Минбаъд ба узвияти коллеҷи Кембриҷ даромад ва ниҳоят дараҷаи устоди фанни забони форсиро дарёфта, ин мақомро аз соли 1902 то 1924 дар ихтиёр дошт ва дар ин замон пас аз даргузашти Эдвард Браун ба сифати устоди забони арабӣ аз соли 1924 то 1933 низ фаъолият намудааст.
Николсон бо навиштани китоби “Шарҳи Маснавии Маънавӣ” ва интишори осори муҳаққиқона, ки фарогири таҳқиқоту тарҷумаҳои фаровон аз ашъори арабиву форсӣ ва рисолаву китобҳои марбут эътиқодои аҳли тасаввуф буданд, ба хонандаи Аврупо ва ҳамчунин Осиё нишон дод, ки тамаддуну ҳикмати ирфонӣ то чи андоза дорои арзишҳои гаронбаҳост. Мукотиботи Николсон бо аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ – мутафаккир ва ҳомии минбаъдаи забону адаби тољикӣ-порсӣ дар Ҳукумати Покистон, ки замоне дар Донишгоҳи Кембриҷи Лондон дарс хонда буд, ба эҷоди заминаҳои фикрии Иқбол ва дар натиҷа ба пайдоиши фалсафаи навини ислом мусоидат ва кумак кард.
Аз ин лиҳоз, аз нахустин ва бузургтарин шуарои маҳбуби Николсон, ки албатта, бо таваҷҷуҳ ба рўҳияи орифманишии ӯ ба ҳеҷ ваҷҳ шигифтовар нест, Мавлоно Ҷалолуддини Балхии Румӣ буд. Николсон дар сисолагӣ [1878] мунтахаботе аз “Девони Шамси Табрезӣ”-ро интишор кард, ки он аввалин нусхаи интиқодӣ аз 47 ғазали Мавлоно буда, ки бо муқаддимаву ёддоштҳои муфассал ба забони асл, яъне форсии тољикӣ чоп гардид. Минбаъд – солҳои 1952 ва 1988 низ таҷдиди чоп гардида, дастраси донишҷӯёну муҳаққиқон қарор гирифтааст, ки ҳанўз ҳам донишҷӯёни риштаи адабиёти форсӣ ва тасаввуф ғазалиёти Мавлоноро ба забони асл хонда, ҷиҳати ғизои маънавӣ аз он кумак мегиранд.
Аммо пас аз он ки нусхаи интиқодии Фурўзонфар аз “Девони Шамси Табрезӣ” ба чоп расид, 7 ғазал аз 48 ғазалеро, ки Николсон дар нусхаи хаттии мансуб ба Мавлоно ёфтааст, дорои асолат намедонад. Ин ғазалҳои шумораи 4-8-12-17-31-33 ва 44 мебошанд, ки онҳоро маҳсули қалами Мавлоно намедонад.
Николсон нахустин маҳаққиқест, ки соли 1924 дар яке аз мақолаҳояш дар заминаи 100-солагии маҷаллаи “Анҷумани салтанати осиёӣ” китоби арзишманди “Фиҳи мо фиҳи”-и Мавлоноро ба хонандаи Ғарб муаррифӣ кард (ин китоб то он вақт фақат ба сурати нусхаи хаттӣ вуҷуд доштааст, зеро матни форсии он то ҳамон замон ҳанӯз чоп ва интишор наёфта будаст). Сипас, намунаҳое кӯтоҳе аз “Фиҳи мо фиҳи”-ро бо забони англисӣ тарҷума ва нашр карда, ба шогирди худ Арберрӣ пешниҳод намуд, то тамоми онро тарҷумаву нашр кунад. Аммо, бузургтарин асари Николсон ин “Шарҳи “Маснавии маънавӣ”-и Мавлавӣ”-ст, ки бо кӯшиши Ҳасани Лоҳутӣ тасҳеҳ, тарҷума ва интишор гардидааст.
Николсон дар бораи “Маснавии маънавӣ” мегӯяд: “Маснавии маънавӣ” доманаи нубўғи эъҷобовару эъљози Ҷалолуддинро дар шоирӣ аз “Девони Шамси Табрезӣ” дида, комилтар намоён месозад”.
Ғазалҳои Мавлоно, аз лиҳози мазмунҳои бикру ирфонӣ, бар баландтарин мақомоте, ки шеър аз мукошафаву шӯру ҷазаба ангохтааст, расидаанд ва ба ҳамин ғазалҳо кофист, ки ӯро маликушшуарои мулки ирфон номид. Аммо ин ғазалҳо дар оламе сайр мекунанд, ки бо мушоҳидоти оддии зиндагӣ фосилаи бисёр дорад ва касе ҷуз ”ғайббинону аҳли шуҳуд” бар он (ишора ба муқаддимаи”Маснавӣ”) огоҳ нест, ҳол он ки ”Маснавӣ” дар дараҷаи аввал, бар масоилу тафаккуроте назар дорад, ки бо шеваи зиндагӣ кардан ва фоидаву маънии ҳаёти инсон иртибот пайдо мекунад.
Николсон дар аввали қадамҳои мутолеот ва бардоштҳои худ аз фарҳанг ва тамаддуни форсӣ-тоҷикӣ, ба он назар будааст, ки таълими Мавлоно Ҷалолиддин дар муқоиса бо афкори ”манзум, дақиқ ва равшани Ғаззолӣ, тамсилӣ, сардаргун, малоловар ва ағлаб мубҳам аст”. Бо ин васф Николсон суханони Мавлоноро пурмағзтар аз Ғаззолӣ ёфтааст.
Чунончи мегӯяд: “Ин гуфтори сардаргуму дароздоман барои таълиму тафреҳи ҳамаи ҷӯяндагон аст. Бо ин ҳол, маъдуданд афроде, ки моил бошанд онро аз аввал то охир бихонанд, аммо ҳар касе метавонад мутаносиб бо салиқаи худ матлабе дар он биёбад, аз назараоти пуррамзу роз ва ғомизи марбут ба фалсафаи ирфонӣ гирифта, то анвои ҳикоят, ки ба содатарин шеваи мумаккин баён шудааст”.
Николсон на танҳо бар асоси нусхаҳои чопии он замон ва шарҳҳои мавҷудбудаи туркии ”Маснавӣ” ба таҳқиқу мутолиа пардохтааст, балки бар асоси чандин нусхаи хаттии қарни ҳафтуму ҳаштуми ҳиҷрӣ даст ба тасҳеҳи беш аз 25000 байти “Маснавӣ” зад. Ӯ аз ҳеҷ кӯшиш дар ин роҳ дареғ накард, пас аз он ки тасмим гирифт абёти ракики “Маснавӣ”-ро ба забони лотинӣ тарҷума кунад, осори Ҷувинол ва Периусро мутолиа кард, то бар истилоҳот ва забони шеъри мубтазали юнонӣ иҳота ёбад. Тасҳеҳ, тарҷума ва шарҳи “Маснавӣ” ба сурати ҳашт муҷаллад даромад, ки 15 сол (аз 1925 то 1940) аз умри Николсон сарфи он шуд, ки дар натиҷа нерӯи биноиро низ аз даст дод. Аммо ҳосили он нусхаи чопӣ тасҳеҳ шуда, матни форсии “Маснавӣ” ба равиши интиқодӣ, тарҷумаи комили “Маснавӣ” ба забони англисӣ ҳамроҳ бо ҳавошии муфассал ва шарҳи абёти “Маснавӣ” буд, ки ба ин манзур, осон сохтани роҳи таҳқиқоти олимона дар “Маснавӣ”, хосса ҳикмати Илоҳӣ ва мактаби ирфони Мавлоно Ҷалолиддин фароҳам омад. Шарҳи Николсон бар “Маснавӣ” шомили маъхази эътиқодоти сўфиён ва шоирони куҳан аст, ки бо ироаи иттилооти пеш заминаи марбут ба ҳар нуктаи дарки ишорати “Маснавӣ”-и Мавлоноро осон месозад.
Пеш аз он ки ин тарҳи таҳқиқ ба итмом расад, Николсон ҳосили заҳматро, ки дар бораи “Маснавӣ” кашида буд, ба сурати маҷмуаҳои камтар аз дусад сафҳа, барои мухотабони оддӣ хулоса кард. Ҳикоёти дорои маъонии ирфонӣ, мунтахаботе аз “Маснавӣ”-и Ҷалолуддини Балӣ шомили панҷову як достони баргузида ва муқаддимаҳоест, ки Николсон зимни он мақсуду маҳсулу “Маснавӣ” ва моҳияти таълимоти Мавлоноро тавзеҳ медиҳад. Ӯ гузидаҳойе аз ашъори Мавлоно ва қисматҳои аз “Фиҳи мо фиҳи”-ро гирд овард, ки “машраби сўфияро ба сурате, ки бузургтарин шоири ориф баён кардааст, тавзеҳ медиҳад”. Ин китобро Арбери, шогирди собиқ Николсон, пас аз саргузашти ӯ, бо номи “Румӣ: шоъир ва ориф” нашр кард, ки он дар солҳои 1970 шаш бор таҷдиди чоп шуда буд. Тарҷумаҳои дақиқи Николсон аз суханони Мавлоно, ки дар ин китоб ҷамъ омадааст, то кунун илҳомбахши чандин насл аз хонандагони худ будаасту хоҳад буд.
Николсон умри худро вақфи Маволоно кард ва ин кор алоқаи бисёре аз маҳаққиқони дигару шоирони Аврупоро барангехт ва матнии форсии “Маснавӣ”-и тасҳеҳкардаи ӯ, ба рағми тамоюли муҳаққиқони эронӣ, ки имрӯз мехоҳанд ба нусхаҳои тасҳеҳи Муҳаммад Истеъломиву Абдулқодир Гулпинорлӣ муроҷиат кунанд, на танҳо дар Ғарб, балки дар Ҳинд ва худи Эрон пурхонандатарин матни “Маснавӣ” аст. Ба рағми теъдоди шарҳҳои тозатарини “Маснавӣ” дар Эрону Туркия, “шарҳи Николсон бар Маснавӣ” ба тарҷума ва таълиқи Ҳусайн Лоҳутӣ ва пешгуфтори Саид Ҷалолиддини Оштиёнӣ (1384 шамсӣ), ба тозагӣ ба забони форсӣ интишор ёфтааст, ки ҷоизаи беҳтарини тарҷумаи китоби соли Эрон дар риштаи адабиётро ба даст оварда буд.
“Маснавӣ”-и тасҳеҳи Николсон ҳамеша ба кор меояд, зеро бештари нависандагону мутарҷимон он чиро ки аз “Маснавӣ” нақл кардаанд, бар асоси шумораҳоест, ки Николсон дар “Маснавӣ” и тасҳеҳкардаи худ бар абёти он гузоштааст. Николсон дида аз дунё фурӯ баст ва Бадеуззамон Фурӯзонфар шояд аз ҷиҳате ки пуркортарин муҳаққиқи қарни бистум дар заминаи Мавлонопажӯҳист, баъдҳо гӯё сабқат аз Николсон рабуда бошад.
Дигар аз муҳаққиқони Мавлоност, ки дар хонаводаи мутадаййини масеҳӣ ба дунё омада, дар натиҷаи хондани осори Ҷорҷ Бернард Шоу имони худро то ҳадде аз даст дод. Аммо вақте ба ирфони исломӣ рӯ ба рӯ шуд, ибодат ва анҷоми фароизи масеҳиятро аз сар гирифт, чунки бар асари сухани Мавлоно дарёфт, ки ҳамаи инсонҳо бар ҳар шаклу мазҳаб ба нури Худои “Воҳиди Кул” мунавваранд ва нури Ҳақ, чунонки Қуръон мефармояд: “На шарқисту на ғарбӣ”.
Арбери пас аз он ки имтиҳони забонҳои классикӣ (Юнон ва Румро) ба анҷом расонд, дар соли 1927 бо Николсон дар Кембриҷ мулоқот кард ва назди ӯ машғули таҳсил шуд. Арбери дар охири умр, зимни мурури сайри ишғолоти зиндагии худ рў ба рў шуданаш бо Николсонро нуқтаи муҳимми зиндагии худ мехонад. Ӯ ба таҳсил идома дод, то дар соли 1934 ба дараҷаи докторӣ ноил омад ва пас аз анҷоми корҳои чун тадриси забонҳои классикӣ дар Қоҳира, китобдор дар Индиёофис (дафтари Ҳинд) ва устоди забони форсӣ дар Донишгоҳи Лондон баъд аз даргузашти Николсон, ба Кембриҷ бозгашт ва тадриси забони арабиро ба уҳда гирифт ва ин мақомро то ба ҳангоми фавт, яъне соли 1949 дар даст дошт.
Арберӣ, мутарҷими Қуръон ва осори бисёре аз форсиву арабӣ ба англисӣ, ҳамчун мусаҳҳеҳи нусхаи хат ва донишманди пуркоре буд, ки китобҳое дар бораи муқаддамоти тасаввуфу адабиёти Ховари Миёна ва ҳамчунин таърихи ховаршиносони Бритониё таълиф кардааст. Ӯ ибтидо ба сабаби шуҳрате, ки аз тарҷумаи рубоиёти Хаёми Нишопурӣ касб карда буд, дар миёни мардум нуфуз паёдо карда, инчунин аз миёни рубоиёте, ки дар “Девони Шамс” вуҷуд доранд, гулчине фароҳам оварда, онҳоро бо забони англисӣ ба риштаи назм кашидааст. Сипас, маҷмуаи насри маърифатии пураҳаммияти Мавлоно, “Фиҳи мо Фиҳи”-ро ба англисӣ тарҷума кард, ки то кунун чандин бор таҷдиди чоп шудааст.
Арбери дар охири умр умедвор буд, ки таҳқиқи комил роҷеъ ба зиндагӣ, осор ва таълимоти Мавлоно, ки шомили таҷзия ва таҳлили муҳтаво ва услубу маслаки “Маснавӣ”-ст, интишор созад. Умраш вафо накард, то ин кори хаттиро ба анҷом расонад, аммо осори гуногуни дигареро падид овард, ки марбут ба Мавлоно буда, дорои аҳаммияти хос мебошанд.
Арбери барои мутолиаи умуми мардум бист ҳикоят аз “Маснавӣ”-ро тарҷума карда, онро ба ду ҷилд ба номҳои “Ҳикоёте аз Маснавӣ” интишор дод. Дар муқаддимаи ин китоб мухтасар дар бораи собиқа ва моҳияти шоҳкории Мавлоно сухан меравад. Арбери дар бораи шеваи тарҷумаи худ мегӯяд: “Абёти форсии “Маснавӣ”-ро ба наср ва оҳанги англисӣ”, ҳошияи мухтасаре низ бар он афзудааст. Яке аз ҳикоёте, ки дар ҷилди нахустин омада, достони “Подошҳи ҷуҳуд ва насрониён” аст.
Арбери умед дошт, ки кори худро дар бораи “Маснавӣ” идома диҳад ва сеюмин китоби ин маҷмуаро низ омода созад, то инъикоскунандаи назарияе бошад”, ки Николсон ҳам қаблан таъйид карда буд, яъне ҳикоёти “Маснавӣ” таваҷҷуҳи хонандаро ба худ ҷалб медорад, аммо хондани саросари “Маснавӣ” ба сабаби гурез аз мавзуе ба мавзӯи дигар, хонандаро сардаргум месозад.
Арбери минбаъд тавфиқ наёфт, то ба таври комил ҳикояву қиссаҳо ва достонҳои “Маснавӣ”-ро бинобар сабаби маъонии пӯшидаву рамзиашон шарҳ диҳад. Аз ин ҷиҳат, ду ҷилд баргузидаи муфассал аз “Маъориф”-и Баҳоуддинваладро таҳия сохт, ки бо номи “Абъоди тамаддуни исломӣ дар ойинаи мутуни аслӣ” инишор ёфт. “Маъориф”-и Баҳовуддинвалад то кунун ба сурати комил ба англисӣ тарҷума нашудааст.
Мавлоно дар таҳқиқоти олмонизабонҳо
Дар миёни донишмандони олмонизабон, ки таваҷҷуҳи худро масруфи тасаввуф кардаанд, таҳқиқоти дақиқ ва муназзами Ҳелмут Риттер, Фритс Майер, Рихарт Грамлих ва К. Бургел шоистаи таҳсин аст. Масалан, китоберо, ки Майер (соли 1912), дар бораи Баҳоуддинвалад мунташир кардааст, иборат аз 250 саҳифа буда, онро Марями Мушарраф дар соли 1382ҳ. бо номи “Баҳои Валад: зиндагӣ ва ирфони ӯ” ба форсӣ тарҷума кард.
Майер беш аз ҳар фарде дигаре дар Ғарб, дақоиқи марбут ба шарҳи аҳвол ва маъорифи илоҳии падари Мавлоно ва аз ин тариқ, нукоти марбут ба саргузашту таълимоти илоҳии худи Мавлоноро тавзеъ додааст. Таҳқиқи рафшан ва комили Майер хазинаест пур аз иттилооти дақиқ, ки аз роҳи пажӯҳиш ва баррасии комил ба даст омада, манобеи сохтаву бепояеро, ки қаблан пас аз даргузашти Мавлоно дар бораи шахсияту хонадони ӯ ба вуҷуд омада буданд, инкор месозад.
Аннемари Шиммел яке аз муҳаққиқонест, ки роҷеъ ба мероси тасаввуф мутолиаи зиёд карда, то кунун осори арзандае ба ҷо гузоштааст. Китоби “Шукуҳу Шамс” яке аз осори гаронқадри ӯст, ки дар Эрон тавассути Ҳусейн Лоҳутӣ бо забони форсӣ тарҷума шудааст. Дар ин асар Шиммел ба тафаккуроти олии Мавлавӣ пардохта, талош мекунад, то ҳар гуна шубҳаҳоеро аз Мавлавӣ бизудояд ва чеҳраи дар воқеъ поку самимии ин ориф ва шоири ҷаҳониро муаррифӣ намояд. Шимал ба латифаи ваҳй, мақоми инсонӣ, нақши олами ҳастӣ, отифаҳои ишқ пардохта, то ҳадде ба фалсафаи афкори Мавлавӣ таваҷҷуҳ кардааст. Китоби “Шукўҳи Шамс” як асари ниҳоят арзишманд буда, фарогирӣ 5 бахш аст, ки аввалӣ роҷеъ ба пешинаи таърихиву саргузаштномаи Мавлоно, бахши дувум “Хиёлбандии Мавлоно” унвон дошта, дар он мавзуоти хаёлбандии хуршед, об, боғ, ҳайвонот, кӯдакон, зиндагии мардум ва хӯрокиҳову бемориҳо сухан меравад. Бахши сеюм “Илоҳиёти Мавлоно” ном дошта, дар он дар бораи Офаридгору офариниш, одамиву мақоми ӯ дар осори Мавлоно, нубувват ва нардбони руҳонӣ ибрози назар шудааст. Бахши чорум “Форсизабонон дар бораи осори Мавлоно” ном дорад, ки ба қалами Моили Ҳиравӣ тааллуқ дорад. Бахши ноҳоӣ бошад, иборат аз ёддоштҳои муаллиф ва феҳрист аст.
Шиммел нуфузи Мавлоно Ҷалолуддин ва шаҳомати тамаддуни моро дар қарни ХХ ба нависандагону шоирон ва аҳли таҳқиқи Олмон баррасӣ кард, ки ин иқдом камназир аст. Вай “Фиҳи мо фиҳӣ”-и Мавлавиро бо забони англисӣ ҳам тарҷума кард. Шиммел мақомоти гуногуне низ перомуни ҷаҳонбинӣ ва тафаккури созандаи Мавлавӣ навиштааст, ки аз машҳуртарини онҳо “Мавлонои Румӣ: дирӯз, имрӯз ва фардо”-ро метавон ном бурд.
Китоби дигаре, ки Шиммел аз худ ба ҷой гузошт, бо унвони “Ман бодаму ту оташ” аз ҷониби доктор Фаридун Бадраӣ тарҷума ва интишор гардидааст. Инчунин, китоби дигареро, ки хулосае аз ҳикоятҳо ва достонҳои Мавлавӣ дар “Маснавӣ” ва марбут ба занон аст, таҳти унвони “Рӯҳи ман зан аст” таҳқиқ ва нашр кардааст.
Ҳамчунин, дар соли 1948 тадқиқоти худро перомуни “Сувари хаёл дар Маснавӣ” ба забони олмонӣ ба чоп расонид. Дар ин китоб Шиммел саъй кардааст, ки бардоштҳои шахсиашро, ки тайи солҳои дароз дар асари унсу улфат бо Мавлавӣ таҳсил карда буд, ба риштаи таҳрир дароварад. Шимал ҳатто барои мардуми оддӣ китобе аз тарҷумаи шеърҳои Мавлавӣ бо забони олмониро таҳия кард ва дар ихтиёри онҳо қарор дод.
Фритс Майер, Ҳелмут Риттер, Рихард Грамлих, Бургел низ дар мавриди мероси тасаввуф ва махсусан хонадони Мавлоно ва афкори Ӯ таҳқиқот анҷом додаанд, ки қобили таваҷҷуҳ аст. Аз ҷумла, Фритс Майер китоберо таҳти унвони “Шарҳи аҳволу маъорифи илоҳии Баҳоваладро” таҳия намудааст, ки дар замина ва ҳошияи он шахсият ва андешаҳои худи Мавлоно низ баррасӣ шудаанд. Тарҷумаи китоб бо унвони “Баҳовалад: зиндагӣ ва ирфони ӯ” дар соли 1382 ҳ. аз ҷониби хонум Марями Мушарраф сурат гирифтааст.
Ҳелмут Риттер низ силсиламақолотро перомуни зиндагӣ ва манобеи ақоиди ирфонии Мавлоно, самоъ, ҳаждаҳ байти найнома таҳия ва аз тариқи маҷаллаи “Анҷумани шарқшиносони олмонӣ” интишор дода, китоберо низ роҷеъ ба Аттор бо унвони “Дарёи Ҷон” нашр кардааст.
Дар бораи осоре, ки дар Амрико вобаста ба Мавлавӣ таҳия, тарҷума ва нашр шудааст, чанд нукта қобили таваҷҷуҳ аст:
1. Китоби “Маснавӣ” бо кўшиши Вилям Бокс пурра бо забони англисӣ тарҷума гардид.
2. Китоби арзишманди Франклин Ден Луис таҳти унвони “Мавлоно: дирӯз то имрӯз, Шарқ то Ғарб”, ки дар самти Мавлавишиносӣ беназир аст, ба забони форсӣ тарҷума ва интишор шуд.
3. Шинохти Мавлоно дар Амрико, Фаронса, Босни ва дигар кишварҳо таҳқиқи ҷудогонаро тақозо дорад, ки аз доираи маҳдуди ин мақола берун аст.
4. Хулоса, Мавлон бо он нерӯву шахсияти намунааш тавонист ҳам дар замони зиндагӣ ва ҳам дар олами абадият аз худ номи накӯ боқӣ гузорад. Аз ин ҷост, ки Мавлоно Ҳусайн Воизи Кошифӣ бо он ҳама мақоми арзишманд доштанаш миёни муфассирону муфаккирон ва пажўҳишгарону алоқамандон, дар китоби хеш “Лубби лубоби Маснавӣ” фармудааст:
Мо куҷо, таърифи он шоҳ аз куҷо?
Тирахоке аз куҷо, моҳ аз куҷо?
Саидолим Комилҷон Саидмирзо,
номзади илмҳои филологӣ,
устоди кафедраи назария
ва амалияи забоншиносии
ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ