Филми ҳунарии кӯтоҳи Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” “Додараки фариштаҳо”, ки бо коргардонии Умед Мирзоширинов рӯйи пардаи синамо омадаст, дар Синамоҷашнвораи XXVIII байналмилалии “Адабиёт ва кино” сазовори ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ” гардид.
Синамоҷашнвораи байналмилалии “Адабиёт ва кино” ҳамасола дар Федератсияи Россия баргузор мегардад ва имсол аз 15-ум то 20-уми сентябр чорабинии синамоӣ дар шаҳри Гатчани вилояти Ленинград доир карда шуд. Дар қатори филмҳои кишварҳои иштирокчӣ филми ҳунарии кӯтоҳи “Додараки фариштаҳо” санъату ҳунари синамои тоҷикро муаррифӣ намуд ва сазовори ҷоиза дониста шуд.
Мавриди ёдоварист, ки филми ҳунарии кӯтоҳи “Додараки фариштаҳо” дар сатҳи баланд ва бо касбияти том таҳия гардида, заҳмати аҳли гурӯҳи эҷодӣ барабас нарафтааст. Мазмуну муҳтаво ва фалсафаи ҳикояи адиб Сайф Раҳимзоди Афардӣ дар пардаи синамо ба таври ҷолиб ҳувайдо шуда, хурофоту ҷоҳилӣ ва рӯзгори пурмашаққату фоҷиабори оилаеро инъикос намудааст.