Аз қадим бузургони илму адаб ба устод-омӯзгор эҳтироми хосса доштанд. Зеро хидмати омӯзгор дар рушди ҷомеа беназир аст. Маҳз ӯ дари илму донишро ба рӯи кас боз карда, дунёи тафаккури шахсро бо тозагулҳои муаттари маърифат зиннат медиҳад. Омӯзгор он шахсияти бузург ва нотакрорест, ки бо чароғи ақл олами фикри моро равшан намуда, дунёи пурасрори илмро муарифӣ мекунад.
Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар ба фаъолияти омӯзгорон таваҷҷуҳи махсус дода шуда, дар ин самт тадбирҳои муҳим рӯйи кор омаданд. Бо ин мақсад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки: «Муаллим бояд шаҳрвандони сатҳи маърифаташон баланд, дорои тафаккури эҷодӣ, ҳамаҷониба рушдёфта ва соҳиби дониши амиқ, дорои маҳорату малакаи касбӣ тайёр намояд».
Агар аз дидгоҳи фалсафӣ ба шаъну шахсиятмандии омӯзгор андешаронӣ намоем, маҷозан омӯзгор табиби ақли инсон аст! Омӯзгор ақлҳоро пурра, чашми дилро пурнур, оинаи хирадро равшан, роҳи пуршебу фарозро равон , забони лолро гӯё месозад. Омӯзгор рӯзу шаб роҳу усулҳои ба шогирдонаш тарбияи дуруст доданро меандешад. Ба шогирдон бо заҳмати зиёд саводу таълим меомӯзад. Дар натиҷа, бо талошу заҳмати зиёд кӯдакро саводноку хушодоб менамояд. Кӯшишу заҳмати зиёд мекунанд, то дар оянда насли наврас соҳиби истеъдод ва ҳунарманд гардад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзгорон таваҷҷуҳи махсус равона гардида, барои фаъолияти судманду мондагори онҳо дар ҷомеа, шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Боиси сарфарозист, ки барои қадр кардани заҳмати омӯзгорон ва ёдоварӣ намудан аз фаъолияти содиқонаву самимонаи онҳо дар самти таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон ҳар сол дар ҳафтаи аввали моҳи октябр Рӯзи омӯзгор, яъне рӯзи арҷгузорӣ ба хидматҳову ранҷбурдаҳои муаллим таҷлил мегардад.
Таҷлили Рӯзи омӯзгор дар кишвар шаҳодати он аст, ки роҳбарияти олии кишвар ба омӯзгорон таваҷҷуҳи ҳамешагӣ доранду нақши онҳоро дар ба камол расидани насли ояндаи кишвар муҳим медонанд.
Ба таъкиди бештари равшанфикрон дар соҳиби илму дониш ва ахлоқи ҳамида гардидани фарзандон дар баробари волидайн омӯзгорон ҳам вазифадоранд ва хеле хуб аст, ки имрӯз омӯзгорон ин вазифаи хешро дар сатҳи зарурӣ иҷро намуда истодаанд.
Дар ин маврид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: “Нақши омӯзгор дар таълиму тарбияи насли наврас бениҳоят бузург аст. Муаллим, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона, қисми асосии зиёиёни кишварро муаллимон ташкил мекунанд. Бинобар ин, вазифаи асосии муаллим дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин, омӯзонидани адаб ва ҳидояту роҳнамоии шогирдон ба роҳи рост мебошад.Ин амр бояд ба меъёри ахлоқии фаъолияти муаллим табдил ёбад”.
Дар воқеъ, омӯзгорон роҳнамову роҳкушои аҳли башар ба сӯйи дониш, илм, маърифат ва камолоти маънавиянд. Онҳо ҳидоятгари роҳи ростин, роҳи орӣ аз ҳама гуна кирдорҳои бади инсонӣ, ташвиқкунандаи роҳи дониш ва камолоти инсониянд.
Донишманд А. С. Макаренко дар хусуси ҷойгоҳи омӯзгор дар ҷомеа ва нақши ӯ дар пешрафти иҷтимоиёти ҷомеа, фармудааст: «Агар муаллим барои эҳёи тафаккури насли нав хидмат намекард, зиндагӣ як лаҳза ҳам пеш намерафт».
Муаллимро имрӯз метавонем ба равшангари шоми шогирдон ташбеҳ диҳем, нурест, ки дунёи маънавии шогирдонро равшанӣ мебахшад, оламро мунаввар ва мушкили ҳамаро осон мегардонад.
Сарчашмаи ҳамаи хушиҳо, ободии ҳамаи маҳфилҳо, бузург гардидани ҳамаи шогирдони баркамол маҳз ба омӯзгорон вобастагӣ дорад. Омӯзгорон вазифаи ниҳоят душворро ба зимма гирифта, дар зиндагии пур аз розу ниёз тифли инсониятро тарбия менамоянд, илм меомӯзанд, ки чандон кори осон нест.
Муаллим ба қавли бузургон муҳандиси равонии инсон аст. Тавре ки муҳандис нақша ё созмони ягон кореро ташкил медиҳад, муаллим низ аз рӯзи аввал ба шогирдон адаб меомӯзад ва онҳоро ба ҳаёти солими оянда омода месозад. Муаллимро оинаи рӯзгори халқ мегӯянд. Оинае, ки ба он нигариста камбудиву нуқсонҳоро бартараф мекунанд. Яъне, омӯзгор ибратомӯзест, ки ҳар калому ҳар нигоҳу ҳар қадамаш саропо ибрати соҳибдилон аст.
Дар ҳамаи давру замонҳо омӯзгор байни мардум эътибори вижае доштаву дорад. Ривоҷи тафаккур ва маънавияти насли ҷавон маҳз, ба ибтикору кӯшиши ӯ вобаста аст, зеро аввалин ғунчаҳои боғи ҳаётро дар руҳияи некандешӣ ба воя мерасонад. Чашми онҳоро ба сӯи оламу одам боз мекунад ва сабаби такомули шахсияти онҳо мегардад.
На ҳама ҳам аз уҳдаи кори омӯзгорӣ мебароянд, на ҳама ҳам ба он майлу рағбат доранд, чунки муаллимӣ масъулияти баланд ва вақти зиёдро талаб мекунад. Омӯзгорро зарур аст, ки дар баробари ташвишҳои зиндагӣ доим дар ҷустуҷӯву омӯзиш бошад, усулҳои наву дастнорас ва самарабахши таълимро пайдову кашф намуда, дар ҷараёни дарс корбаст намояд, вагарна бидуни омӯзиши мунтазам ба хонандагон чизе лоиқи таҳсин ва омӯзанда додан душвор аст.
Хушбахт онест, ки сазовори номи бузурги устодӣ ё омӯзгориро касб кардааст. Омӯзгорӣ касби ниҳоят пуршараф аст ва омӯзгор касест, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯи навоварист. Аммо донистану аз худ кардани навоварию ҷамъи рафтору гуфтори нек ба кас ба осонӣ муяссар намешавад. Чандон осон нест, ки аз тифле, ки аз олами маънӣ хабаре надорад, одаме ё олиме сохт. Он лаҳзае, ки шогирди муаллим шахси донишвар мегардад, бевосита аввалиндараҷа номи муаллимашро мегирад ва аз ӯ изҳори сипос мегӯяд, ки алфози накӯяш омӯхт. Устод ба роҳи рост ҳидояташ намекард, ҳеч гоҳ шарафманду комёб намегашт.
Дар маҷмӯъ, дар тарбияи насли худогоҳу худшинос ва ватандӯст омӯзгор нақши муассир дорад ва калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлоли зеҳнӣ муаллим ва хазинаи маънавию илмии башарият маҳсуб меёбад.
Аз идора: Ҳамаи омӯзгорони мамлакат ва омӯзгоронро аз ҳисоби тоҷикони бурунамрзӣ ба ин муносибат таҳният гуфта, барояшон саломатӣ ва хушбахтӣ мехоҳем!