Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган дар паёми шодбошии худ ба муносибати зодрӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуд, ки муносибатҳо бо кишвари дӯсту бародари Тоҷикистон, ки дорои пайвандҳои таърихиву фарҳангӣ мебошад, дар сулҳу субот, таҳкими фазои пешрафт ва таъмини рушди иқтисодӣ дар минтақа, инчунин ҳамбастагӣ миёни мардумон саҳми худро мегузоранд. Дар паём, аз ҷумла омадааст:
«Ҷаноби Президент!
Дӯсти азизам!
Аз номи миллат ва шахсан аз номи худам Шумо, Ҷаноби Олиро бо 70-умин солгарди зодрӯзатон аз сидқи дил табрику таҳният мегӯям.
Дар ин росто умедворам, ки дар марҳилаҳои минбаъда низ дар заминаи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар ҳамкории наздик бо Шумо барпо намудани ояндаамонро бо бовару қотеъияти муштарак идома хоҳем дод.
Бо истифода аз фурсати муносиб ба Шумо, Ҷаноби Олӣ ва аъзои оилаатон тансиҳатӣ, шодкомӣ ва умри дароз таманно намуда, ба мардуми дӯсту бародари Тоҷикистон рифоҳу осоиштагии пойдор орзумандам».