Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти шароити миллии худ роҳи рушдро боз кард ва дар кори бунёди давлатӣ ба комёбиҳои бузург муваффақ гардид. Чин ҳамчун ҳамсояи дӯст ва шарики стратегии ҳамаҷониба аз ин самимона шод аст. Дар ин бора Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар барқияи шодбошии худ ба муносибати зодрӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон навиштааст.
«Муҳтарам ҷаноби Президент, дӯсти азиз ва дерин!
Иҷозат диҳед ба муносибати 70-солагии рӯзи таваллудатон табрикоти самимӣ ва таманниёти неки худро ба Шумо расонам.
Муносибатҳои Чину Тоҷикистон ҳамеша суръати хуби рушдро нигоҳ медоранд. Мо аз аввали соли равон бо нигоҳ доштани ҳамкории зич бо Шумо доир ба муносибатҳои дуҷониба ва масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор кардем, то равобити Чину Тоҷикистон ба марҳилаи нав бароянд», -афзуд Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин.
Си Ҷинпин изҳор дошт, ки ба рушди муносибатҳои Чину Тоҷикистон аҳамияти хосса дода, «муносибатҳои хуби корӣ ва дӯстии қарини шахсиро қадр мекунад».
«Бо таъкид бар 30-юмин солгарди истиқрори равобити дипломатӣ омодаам, ки бо Шумо барои пешбурди ҳамкории ҳамаҷонибаи Чин ва Тоҷикистон дар арсаҳои мухталиф ба нафъи ду кишвар ва мардуми онҳо саъю кӯшиши муштарак ба харҷ диҳам», — омадааст дар барқия.