5 октябри соли 2022 намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҳти роҳбарии ректори муассиса муҳтарам Асрорзода Убайдулло Саттор дар доираи сафари корӣ бо Вазири маорифи Панҷоби Ҳиндустон ҷаноби Ҳарҷот Сингх Бейнс вохӯрӣ ва мулоқоти судманд анҷом доданд.
Дар ҷараёни мулоқот масоили мубрами ҳамкорӣ дар зинаҳои таҳсилоти миёна ва ибтидоии касбӣ баррасӣ гардиданд. Бо дарназардошти дар ихтиёрдории Донишгоҳ қарор доштани як литсейи тамоюли иқтисодӣ ва ду литсейи касбӣ дар раванди мулоқот ба масъалаи ҳамкорӣ дар ин зинаҳои таҳсилот бо ҳадафи мукаммалсозии пойгоҳи лабораторӣ ва моддӣ-техникии раванди таълим таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шуд.
Ҳамзамон, ба масъалаҳои ҷалби омӯзгорон барои таълим дар ин зинаҳои таҳсилот, инчунин ташкили курсҳои омӯзиши забони англисӣ дар назди Маркази забономӯзии ДБССТ диққат дода шуд.
Дар баробари ин, аз ҷониби Вазир ҷиҳати бастани созишномаи ҳусни тафоҳум вобаста ба масоили болозикр ба масъулин дастур дода шуд.