
6 октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе Форуми минтақавии – Ҷаласаи сарони идораҳои ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба коҳиши хатари офатҳо: таҳкими устувории минтақаи Осиёи Марказӣ ба офатҳо баргузор гардид, иттилоъ дод Умеда Юсуфӣ, сухангӯи КҲФ зимни суҳбат бо мухбири радиои «Овози тоҷик» Дилнозаи Абдумалик.
Ба зикри Юсуфӣ, дар кори форум роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои ваколатдори пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, намояндагони намояндагиҳои дипломатӣ, созмонҳои маблағгузор ва Агентиҳои СММ ширкат намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот ба масъалаҳои ҳамкориҳои минтақавӣ дар заминаи коҳиши хатари офатҳои табиӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.
4 октябр дар доираи Форуми минтақавӣ ҷаласаи васеъи Шӯрои минтақавии илмӣ-техникӣ (ШМТ) ба кори худ оғоз кард, ки дар он ба иштирокчиён натиҷаҳои арзёбии нави минтақавии хатарҳо барои Осиёи Марказӣ ва натиҷаҳои он муаррифӣ шуданд. Натиҷаи таҳқиқоти кишварҳо доир ба Ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки ба баланд бардоштани устуворӣ ва мутобиқшавӣ ба шабакаҳои амнияти иҷтимоӣ дар ин кишварҳо нигаронида шудааст, пешниҳод гардиданд.
Ҳамчунин, чанд мизи гирд низ дар мавзӯъҳои «Иқдомоти баъдӣ: дурнамои идораи хатари офатҳои табиӣ ва маблағгузорӣ дар Осиёи Марказӣ чист?» ва “Шӯрои минтақавии илмӣ-техникӣ ва нақши он дар дастгирии барномаи Идораи Хатари Офатҳои табиӣ дар минтақа” баргузор шуданд.
Дар ин мизҳои гирд иштирокчиён масъалаҳои арзёбии минтақавии хатари офатҳои табиӣ, омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва рафъи паёмадҳои онҳо тавассути маблағгузории хатари офатҳои табиӣ, арзёбии низоми ҳифзи иҷтимоӣ дар Осиёи Марказӣ, самтҳои татбиқ ва пешрафт дар амалисозии “Ташкили Хазина барои интиқоли хатари офатҳо дар минтақаи ҳамкориҳои иқтисодии Осиёи Марказӣ”, ҳамчунин масъалаҳои тақвияти тобоварӣ дар баробари офатҳо дар Осиёи Марказиро баҳс карданд.
Дар ин замина, 5 октябри соли 2022 дар ҳошияи Форуми минтақавии ҷаласаи сарони идораҳои ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки қарор аст рӯзи 6-уми октяб оғоз ба кор кунад, таҳлилгарони ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои минтақа якҷо бо коршиносони байналмилалӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ, муассисаҳои илмӣ ҷаласа доир карданд ва дар он баъзе пешниҳодҳои бунёдиро мувофақа карданд ва мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ғайр аз ин коршиносон ташаббусҳо, барномаҳо ва лоиҳаҳоеро, ки ба рушди минбаъда ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ, тағйирёбии иқлим ва ҳолатҳои фавқулодда нигаронида шудаанд, баррасӣ намуданд.
Коршиносон масъалаҳоро оид ба вазифаҳо ва муайян кардани амалҳо дар самтҳои афзалиятноки Нақшаи тадбирҳои амалӣ (харитаи роҳ) оид ба татбиқи Стратегияи рушди ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи коҳиши хатари офатҳои табииро низ баррасӣ намуданд.