
Шоҳин Самадӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон навиштаи охири эътирозомези сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистонро оид ба додани орден ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин “ғайри қобили қабул ва мухолиф ба принсипҳои одоби дипломатӣ” унвон карда, таъкид намудааст, ки ин “нишони дағалона вайрон кардани созиши ҳосилшуда” миёни ду кишвар мебошад.
Шоҳин Самадӣ дар посухи худ навиштааст, ки новобаста ба “имзои созишнома дар хусуси роҳ надодан ба суханҳои иғвоангез ва айбдоркунии якҷониба дар фазои иттилоотӣ, мансабдорони қирғиз ба ибрози суханҳои иғвоангези худ идома медиҳанд ва мехоҳанд бо ин роҳ хол ба даст оранд”.
Ӯ ҳамчунин, таъкид намудааст, ки Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон нияти шарҳи назар ва амалҳои роҳбарияти Қирғизистонро надорад, чун ҷонибдори ҳалли мусолиҳатомези дилхоҳ муноқиша мебошад.
“Таззод ин аст, ки мақомоти Қирғизистон бо муаррифии кишвари худ ба унвони “ҷазираи демократия” ва озодии баён дар Осиёи Марказӣ дастрасӣ ба хабарҳо ва манобеъи давлатии Тоҷикистонро маҳдуд кардааст”, — навиштааст Шоҳин Самадӣ.
“Бар зидди ҳайати таҳририяи сомонаи мустақили интернетии “Kaktus.media” барои нашри «маълумоти нодуруст» дар бораи муноқиша дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуд, аммо созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар ва озодии баён аз расонаҳои хабарӣ дар Қирғизистон дифоъ накарданд”, — бо таассуф зикр намуд Шоҳин Самадӣ.
Ёдовар мешавем, ки 4-уми октябри соли равон Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо ордени «Барои хизмат дар назди Ватан» дараҷаи III мукофотонид.
«Барои саҳми бузурги шахсӣ дар таҳкими муносибатҳои шарикӣ ва иттифоқии стратегӣ байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таъмини суботу амнияти минтақавӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ордени «Барои хизмат дар назди Ватан» дараҷаи III мукофотонида шавад», — омадааст дар матни фармон.