6 октябри соли 2022 дар шаҳри Остона Шӯрои Гурӯҳи назоратии раванди Болония дар якҷоягӣ бо Ҷумҳурии Чехия ва Конфронси ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо иштироки намояндагони Болония, вазоратҳо ва донишгоҳҳои Осиёи Миёна баргузор шуд. Дар ин бора Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қазоқистон иттилоъ дод.
Дар чорабинӣ Сафири кишвар Хайрулло Ибодзода, Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулзода Зиёдулло Назар, инчунин намояндагони соҳаи маорифи кишварҳои Аврупо ва Осиёи Миёна иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҳошияи Конфронс Протокол роҷеъ ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф аз 13 июни соли 2000 ба имзо расонида шуд, ки тибқи он теъдоди бурсияҳо барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ду кишвар аз 50 ба 100 адад зиёд карда шуд.