Имрӯз дар доираи иштирок дар кори Конфронси минтақавии иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон мулоқоти кории Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бо Раиси Конфедератсияи миллии иттифоқҳои касабаи Молдова Игор Зубку баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунии ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, омодагии хешро баҳри рушди ҳамкориҳои минбаъда иброз доштанд.
Мулоқот дар фазои дӯстона баргузор гардид.