
Имрӯз Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эрлан Абдилдаев ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон даъват карда шуда, ба Сафир нотаи эътирозии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба изҳороти роҳбари дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дода шуд.
Зикр гардид, ки ҷониби Тоҷикистон чунин изҳороти пасти котиби матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистонро далели аз байн рафтани фарҳанги сиёсӣ ва набудани одоби оддии дипломатӣ медонад.
Таъкид гардид, ки ин изҳороти намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон як кӯшиши бесарусомонӣ барои таҳмили ақидаи бардурӯғ дар бораи сабабҳои аслии таҷовузи мусаллаҳонаи Қирғизистон алайҳи Тоҷикистон ба афкори умум мебошад.
Зимнан зикр гардид, ки чунин изҳороти риёкорона ба бандҳои протоколҳое, ки ҷонибҳо рӯзҳои 19 ва 25 сентябри соли 2022 имзо кардаанд, мувофиқат намекунад.
Инчунин, доир ба зарурати ҳамкориҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон ҷиҳати ҷилавгирӣ аз пайдо шудани паёмҳо дар фазои иттилоотӣ, ки ҷомеаи ҳарду кишварро ба иштибоҳ андохта метавонанд, табодули афкор сурат гирифт.