Бостоншиноси маъруфи тоҷик, номзади илмҳои таърих Абдурауф Раззоқов бо ҷоизаи байналмилалии Фарҳангсарои ориёӣ шарафёб гардид. Дар ин бора Зулфия Раҳимзода, мухбири радиои «Овози тоҷик» иттилоъ дод.
Ҷоизаи мазкурро ба ин бостоншиноси тоҷик дирӯз зимни баргузории конфронси байналмилалии «Ҷуғрофиёи таърихӣ ва фарҳангии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон масъулини Бунёди «Сосонфар» ва Фарҳангсарои ориёӣ тақдим намуданд.
Инчунин, дар ин рӯз ба ин ҷоиза Юсуфшоҳи Ёқубшо, муаррихи дигари тоҷик низ сазовор гардид.