17 октябри соли 2022 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Ҳамад Сулаймон Ал-Мишъонро, ки барои иштирок дар Конфронси амниятии Душанбе ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Зимни зикри муҳиммияти конфронси мазкур тарафҳо, ҳамчунин масоили рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро муҳокима намуданд.