Тавре ки қаблан иттилоъ додем, айни замон дар Кохи Сомон Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба«Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» доир шуда истодааст.
Чанд лаҳза қабл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сухани муқаддимавӣ ин нишасти сатҳи баландро ифтитоҳ намуда, доир ба ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон дар ин самт гуфтанд ва аз кишварҳои иштирокдор ба хотири пазируфтани ин даъват изҳори сипос карданд.
Сипас, Дабири куллии Созмони Миллали Муттаҳид Антонио Гутерриш дар шакли маҷозӣ суханронӣ карданд. Тибқи барномаи чорабинӣ дар идома суханронии Терхи Хакала, Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ, Али Ал Нуаймӣ, Роҳбари маркази “Хедая”, Юрген Сток, Котиби генералии ИНТЕРПОЛ, Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Антонио Гутерреш, Дабири кулии Созмони Миллали Муттаҳид (маҷозӣ), Владимир Воронков, Ноиби Дабири куллии СММ, сардори Дафтари мубориза бар зидди терроризм, Хелга Мария Шмид, Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Елена Купчина, Ҳамоҳангсози САҲА оид ба мубориза бо таҳдидҳои фаромиллӣ дар назар аст.