Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар нишасти VI-уми сарони кишварҳои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё пешниҳод карданд, ки кишварҳои минтақа бояд барои мубориза бо таҳдидҳо ба амнияти минтақа муттаҳид шаванд.
«Амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро ҳамчунон бо миқёси афзояндаи терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои фаромиллӣ, киберҷиноятҳо таҳдид мекунад. Зарурати афзоиши талошҳои муштарак дар мубориза бо ин чолишҳо ва таҳдидҳо лозим аст», — гуфтанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати таҳкими иқдом барои ҳалли вазъ дар ин кишварро зикр карда, таъкид намуданд, ки «ин метавонад барои истиқрори сулҳу субот дар ин кишвар кумаки ҷиддӣ расонад».
Илова бар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳамияти эъломияе, ки 3 сол қабл дар нишасти МҲТБО дар шаҳри Душанбе қабул шуда буд, ёдовар шуда, таъкид карданд, ки дар он мавқеъ ва дидгоҳҳои ин нишаст оид ба масъалаҳои муҳими ҳамкориҳо дар Осиё, аз ҷумла масъалаи Афғонистон инъикос ёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки нишасти навбатии сарони кишварҳои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар Қазоқистон баргузор шуда, дар он кишварҳое ширкат мекунанд, ки ҳудуди 90 дарсади қаламрави Осиёро ишғол мекунанд ва тақрибан нисфи аҳолии ҷаҳон дар онҳо зиндагӣ доранд.
Ҳоло дар ин нишаст роҳбарони 27 давлат, аз ҷумла Русия, Озарбойҷон, Ироқ, Эрон, Қазоқистон, Қатар, Қирғизистон, Фаластин, Тоҷикистон, Туркия ва Ӯзбекистон ширкат доранд.