Тавре ки иттилоъ доред, рӯзҳои 18-19 октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» ҷараён дорад. Дар ин бора Мирсаид Сатториён, мухбири радиои «овози тоҷик» иттилоъ медиҳад.
Барои инъикоси васеи ин чорабинии сатҳи баланд намояндагони васоити ахбори оммаи дохилу хориҷ сафарбар шудаанд. Дар макони баргузории конфронс маркази матбуотӣ ташкил шуда, дар он барои кори рӯзноманигорон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.
Барои Конфронси байналмилалии сатҳи ҷаҳонӣ аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон котибот таъсис дода шудааст. Намояндагон, аз ҷумла намояндагони расонаҳои хориҷӣ аз 50 кишвари ҷаҳон дар чорабинӣ ширкат доранд.
Конфронси мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дафтари мубориза бар зидди терроризми СММ, Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Давлати Қатар ташкил карда шудааст. Ҳадафи асосии конфронс рушди ҳамкориҳо оид ба ҳалли масъалаҳои муҳими амнияти сарҳадӣ мебошад. Бо анҷоми конфронс изҳорот қабул карда мешавад ва тавассути он иштирокдорон аз кишварҳо даъват мекунанд, ки ҳамкорӣ дар форматҳои дуҷониба, зерминтақавӣ, минтақавӣ ва байналмилалиро барои беҳтар кардани назорати сарҳадӣ ва гумрукӣ бо мақсади пешгирӣ ва ошкор намудани ҳаракатҳои террористӣ, инчунин пешгирӣ аз муомилоти ғайриқонунии яроқу аслиҳа, моддаҳои тарканда, ядроӣ, химиявӣ, биологӣ ва радиологиро ошкор кунанд. Эъломия, ҳамчунин, аз кишварҳои узв даъват мекунад, ки талошҳои худро бар зидди таҳдиди террористон, аз ҷумла ҷангҷӯёни хориҷӣ тавассути амнияти сарҳадӣ ва идоракунии мақсадноки он равона созанд.