Бо мақсади таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи синамо бо дастгирии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон 23-юм ва 24-уми сентябри соли 2022 дар кинотеатри «Ватан» Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон баргузор мегарданд. Дар ин бора Толиб Раҳматуллоев, муовини раиси «Тоҷикфилм» ба Таҳмина Амониён, мухбири радиои «Овози тоҷик» иттилоъ дод.
Маросими ифтитоҳи Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон 23-юми сентябри соли 2022 соати 18.00 дар кинотеатри «Ватан» бо иштироки намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, зиёиён, синамонигорон, ходимони давлатию сиёсӣ, фарҳангшиносону мунққидони кино барпо мегардад.
Дар доираи чорабинии синамоӣ се филми истеҳсоли Қазоқистон барои алоқамандони синамо намоиш дода мешаванд.
Ҳамзамон, 24-уми сентябри соли 2022 соати 13.00 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров бо иштироки продюсер Байбек Айгул ва ҳунарпешаи қазоқ Дайиров Еркебулан Муратович дарси «Устод ва шогирд» барои хоҳишмандон ва дӯстдорони синамои миллӣ доир карда мешавад.
Дар ин ҷода, Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ҳамкориҳоро дар соҳаи синамо бо филмбардорони берунмарзӣ тақвияту тавсеа дода, барои рушди бемайлони робитаҳои ҳасана бо синамонигорони хориҷи дуру наздик қадами устуворе ба пеш мегузорад.