«Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ ба ҷанбаҳо ва мушкилоти муҳими саривақтии мубориза бо терроризму ифротгароӣ, ки хеле муҳиманд, ишора кард», — гуфт Андреас Протман, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар умҳурии Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон» таъкид кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, имрӯз мушкили амнияти сарҳад мубрам боқӣ мемонад.
«Барои Осиёи Марказӣ ҳамаи нуктаҳои зикрнамудаи Сарвари давлати Тоҷикистон аҳамияти хоса доранд, аз ҷумла муборизаи дастаҷамъона бо терроризм аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, махсусан барои кишварҳои ҳаммарз бо Афғонистон хеле муҳим аст. Аз ин рӯ, Олмон ҳама ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ин масъала дастгирӣ мекунад. Мо на танхо тарафдори ин ташаббусҳоем, балки кӯшиш мекунем, ки бо ҷидду ҷаҳд якҷоя ба муқобили ин зуҳурот мубориза барем. Ҳамкории мо на танҳо мубориза бо терроризму ифротгароӣ, балки ҳалли масъалаҳои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро низ фаро мегирад. Инчунин, бояд гуфт, ки Тоҷикистон дар ҳамаи ин масъалаҳо бо СММ ҳамкории зич дорад», — таъкид кард Андреас Протманн.
Ба гуфтаи Сафир, Сарвари кишвари Тоҷикистон ташаббусҳои ҷаҳониро ба миён гузоштааст, ки онҳо ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор доштанду доранд.
«Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти байналмилалӣ, аз қабили об, обшавии пиряхҳо, мубориза бо терроризм ва ғайра нақши хеле фаъол дорад. Ҳама конфронсҳое, ки дар Душанбе баргузор мешаванд, аз нақши фаъоли Тоҷикистон дар ҳалли ин мушкилоти глобалӣ шаҳодат медиҳанд”, — иброз дошт Андреас Протманн.