“Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ силоҳҳои муосир, аз ҷумла ҳавопаймоҳои бесарнишин хостааст”. Дар ин бора муовини аввали фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Насимҷон Раҷабзода дирӯз, 18 октябр дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон» таъкид кард.
«Бе ин таҷҳизот назорати баъзе манотиқи кӯҳистонии ҳаммарз бо Афғонистон ғайриимкон аст», — таъкид кард ӯ.
Ёдовар мешавем, ки қаблан дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Росия дар Остона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз бад шудани вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ва ҷамъ шудани ҷангҷӯён дар он хабар дода буданд. Ба гуфтаи Сарвари давлат, Тоҷикистон марз бо давлати ҳамсояро таҳким бахшида, инфрасохтори заруриро фароҳам меоранд.