Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов бо Ваколатдори Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон доир ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Маттиас Люттенберг вохӯрӣ анҷом дод.
Тавре радиои “Овози тоҷик” дар такя ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунии робитаҳои ҳасанаи дуҷониба ва таҳкими ҳарчи бештари ҳамкориҳои баъдӣ миёни Тоҷикистон ва Олмон дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, илму маориф, амният ва дигар масоили мавриди эҳтимоми тарафайнро баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин дар атрофи мавзӯъҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Имомудин Сатторов таваҷҷуҳи дипломати олмониро ба равандҳои минтақавӣ, минҷумла таниши ахир дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷалб карда, дар ин хусус таъкид дошт, ки Тоҷикистон ҷонибдори тариқи гуфтушунид ва бо роҳҳои дипломатӣ ҳал намудани муноқишаи сарҳадӣ буда ва дар ҳамин мавқеъ устувор боқӣ мемонад.