
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Малайзия, Сафорати кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Куала-Лумпур – Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Донишкадаи дипломатия ва равобити хориҷии назди Вазорати корҳои хориҷии Малайзия (IDFR) бахшида ба 30-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Малайзия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Меҳвари нави рушд» симпозиум ташкил намуд. Дар он сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ, масъулини Вазорати корҳои хориҷӣ, намояндагони вазорату идораҳо, пажӯҳишгарон иштирок ва суханронӣ намуданд, хабар медиҳад радиои “Овози тоҷик” дар такя ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия.
Зимни ҳамоиш иштирокчиён муносибатҳои дипломатӣ, дурнамои ҳамгироии иқтисодӣ ва роҳҳои ояндаи густариши ҳамкориҳои минтақавӣ байни Малайзия ва кишварҳои Осиёи Марказиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ дар суханронии худ таъкид кард, ки ҳукумати Тоҷикистон ба густариши равобити дӯстона бо Малайзия аҳамияти хоса медиҳад. “Густариши ҳамкориҳо бо Малайзия яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад. Малайзия дар минтақаи босуръат рушдёбандаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дӯст ва шарики боэътимод маҳсуб меёбад”,- гуфт Ардашер Қодирӣ.
Номбурда дар идома зикр намуд, ки Тоҷикистон ба тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба бо Малайзия дар густариши ҳамкориҳои густурда дар бахшҳои иқтисодӣ, молӣ, маориф, сайёҳӣ, илмию техникӣ ва байнифарҳангӣ манфиатдор аст.
Дар чорабинӣ барномаи фарҳангӣ бо рақсу таронаҳои миллӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ манзури иштирокчиён гардид.