
Мизбонони Конфронси СММ оид ба об дар соли 2023 (22-24 март, Ню-Йорк), Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат ва Намояндаи доимии Шоҳигарии Нидерландия дар СММ Ёка Брандт бо Президенти иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид Чаба Корошӣ мулоқот намуданд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷонибҳо масъалаи омодагӣ ба Конфронси 2023, ки 24-25 октябри соли ҷорӣ дар қароргоҳи СММ доир мегардад, баррасӣ намуданд.
Бояд қайд кард, ки дар ин чорабинӣ мавзӯъҳои муколамаи интерактивии Конфронси 2023 ниҳоӣ хоҳанд шуд.
Дафтари Президенти МУСММ омодагии худро ҷиҳати бомуваффақият баргузор намудани Конфронси 2023 бо мақсади татбиқи саривақтии Ҳадафҳои рушди устувор, ба вежа ҳадафи 6-уми он ва дастгирии мизбонони Конфронс дар ин раванд изҳор намуд.