Имрӯз, 20 октябр иштирокчиёни Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо” ба шаҳри Роғун ташриф оварданд.
Бино ба иттилои мухбири радиои “Овози тоҷик” Нушофарин Олимова меҳмононро намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бо шукуҳу шаҳомати хоса пазироӣ намуданд.
Иштирокчиён бо обанбори «Роғун», инчунин таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик ошноӣ пайдо карданд.
Ҳамзамон, дастархон бо ороиши хурокҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили кашидадӯзӣ, бофандагӣ, зардӯзӣ ва атласбофӣ пешниҳоди меҳмонон гардид.
Ёдовар мешавем, ки Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо” 18-19 октябр дар шаҳри Душанбе ҷаарён гирифта, дар он намояндагони зиёда аз 50 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид ширкат намуданд.